Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

700 сокини Тоҷикистон – дар ҷустуҷӯи ҷигари “зинда”


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Маркази пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир 700 шаҳрванди кишвар ба пайванди ҷигар ниёз доранд, аммо на ҳамаашон “донор” меёбанд. Бинобар ин, масъулони марказ аз наздикони афроде, ки ба “марги мағзӣ” гирифторанд ва эҳтимоли зинда монданашон ба сифр баробар аст, хостаанд, аъзои бадани онҳо, аз ҷумла дилу ҷигарро барои насб ба дармондаҳо бидиҳанд.

15 пизишки Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон васият кардаанд, ки дар сурати марги мағзӣ розӣ ҳастанд, аъзои баданашон ба дигарон дода шавад.

“Корҳои фаҳмондадиҳӣ” ба хонаводаи гирифторони марги мағзӣ

Пайвандони як ҷавони тоҷик баъди чанд соати аз таппидан мондани дили ӯ ба пизишкон иҷозат додаанд, ки қалбу гурдаашро ба тани нафари дигар насб кунанд. Мағзи ин ҷавон чанде пеш аз кор монда буд. Пизишкон мегӯянд, ин ҳолати аввал аст, ки як нафар дар Тоҷикистон барояшон чунин иҷоза дод. Аммо ба сабаби онки дили ҷавон аз кор монда буд, интиқолаш ба бадани номумкин буд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон як гурӯҳи пизишконро ду моҳ пеш барои сӯҳбат бо соҳибони афроде, ки гирифтори “марги мағзӣ” мешаванд, таъсис додааст. Дар ду моҳ ин гурӯҳ бо панҷ хешу табори гирифторони “марги мағзӣ” сӯҳбат кардаанд. “Марги мағзӣ” ё ба истилоҳи русӣ “смерть мозга”, бар асари зарбаи шадид ба мағзи инсон, варами майнаи сар ва заҳролудшавии шадид ба вуҷуд меояд, аммо узвҳои дигари бадан осеб намебинанд ва метавонанд ба инсони дигар зиндагӣ бахшанд.

“Аввал қаҳрамон кард, ҳоло...”

Шариф Саъдуллоеви 22-сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ моҳе пеш ҳангоми аспдавонӣ афтода, сараш ба пояи бетонӣ зад. Мағзи ӯ аз кор монд. Пизишкон пас аз ташхис ба пайвандонаш гуфтанд, ки дигар имкони зинда будани фарзандашон вуҷуд надорад, беҳтараш иҷоза диҳанд, то дилу гурдаи ӯ нафари дигареро аз марг наҷот диҳад. Наздиконаш фурсати фикр кардан хостанд ва танҳо пас аз он чунин як иҷозаро ба пизишкони Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон доданд, ки дер шуда буд.

Бо гузашти 11 сол аз қабули қонун “дар бораи пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон”, ки дар сурати ризоияти пайвандони нафари маҳкум ба марг узвҳои ӯ ба дигар инсон насб мешавад, ҳанӯз касе чунин иҷоза надодааст.

Табар Саъдуллоев, бародари Шариф Саъдуллоев, рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, пизишкон вақте наздашон омаданд, ки ҳанӯз “дили бародараш кор мекард” ва онҳо ба зинда мондани ӯ умед доштанд. Вай гуфт, дар аввал шунидани ин пешниҳод барояшон сахт расид, баъдан ҳадафи пизишконро дарк карданд.

“Ташхисро нишон доданд, ки мағзи сараш сахт осеб дида, хун печидааст. Гуфтанд, агар солҳо зери дастгоҳ истад, фоида надорад. Баъд ин пешниҳодро карданд, ки бародарат имкон дорад ҷони чанд касро харад. Гуфтем, фикр мекунам. Вақте дастгоҳро гирифтанд, пеш аз хона бурда дафн кардан, гуфтам, ки розиям. Аммо дер шуда будааст. Ҳоло дарк кардам, ки дилаш ба тани каси дигар насб мешуд, кор мекард ва як нафарро наҷот медод”, - афзуд ӯ.

Наздикони бемор дар фикри табобати онҳоянд

Сайидмаҳмуд Исмоилов, мудири Маркази миллӣ - илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон ва аъзои гурӯҳи пизишкон барои мутақоид сохтани пайвандони “марги мағзӣ” рӯзи 24-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳоло қадами аввалро гузоштем ва дарк кардем, ки пайдо кардани чунин нафарон имконпазир аст”. Ӯ мегӯяд, албатта, бо пайвандони чунин афрод сӯҳбат кардан сахт аст, чун онҳо бештар дар фикри наҷоти фарзанди худ ҳастанд.

“Корро сар кардем. Аз ин пас ҳар касеро бо чунин аломат ба бемористон оварданд, моро огоҳ мекунанд. Ба онҳо мегӯем, ки Шумо фарзандатонро аз даст дода, ҷони нафари дигарро наҷот медиҳед ва боз соҳиби як дӯст ё фарзанд мешавед”, - гуфт ӯ.

Сайидмаҳмуд Исмоилов гуфт, инчунин, бо пайвандони афроди гирифтори “марги мағзӣ” фарзандхон кардан ва ё ҳамчун як узви оила пазируфтани нафари наҷотдода пешниҳод мешавад: “Даҳҳо ҷавон аст, ки ба гурдаву ҷигар ниёз дорад. Мо мегӯем, агар ба ин нафарон кумак кунед, оянда ба як хеши наздики Шумо табдил меёбад. Чун дил ё ҷигари фарзанди Шумо дар бадани ӯ кор мекунад, метапад.”

Ҳазорҳо нафар дар навбати гурда

Исмоилов мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон 700 нафар ба ҷигар ва беш аз ҳазор нафар ба гурда ва садҳо нафар ба дилу ғадуди зери меъдаву шуш ниёз доранд. Соли гузашта ин марказ 16 пайванди гурда, ду пайванди ҷигар анҷом додааст, ки аксари онро ба беморон хешовандони солимашон додаанд.

Солона дар Тоҷикистон наздики 400 нафар бар асари садамаҳои роҳу нақлиёт ҳалок мешаванд. Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон бар асоси як пажӯҳиш маълум кардааст, ки наздик ба сад нафар ба “марги мағзӣ” гирифтор шуда, баъдан ҷон месупоранд. Дар сурати иҷозаи пайвандон барои гирифтани узви баданашон имкони наҷоти даҳҳо нафари гирифтори беморӣ вуҷуд дорад.

Васияти 15 пизишк

Дар кишварҳои аврупоӣ бархе аз шаҳрвандон замони зинда будан васият мекунанд, ки дар сурати дучор шудан ба “марги мағзӣ” узвҳои баданашон ба дигарон дода шавад. Дар Тоҷикистон ҳам соли 2007 чунин амалро қонунӣ карданд. Соли 2015 15 пизишки Маркази миллӣ-илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Тоҷикистон васият кардаанд, ки дар сурати марги мағзӣ розӣ ҳастанд, аъзои баданашон ба дигарон дода шавад.

XS
SM
MD
LG