Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба Русия амр доданд, ба зодаи Тоҷикистон товон бипардозад


Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ба ҳукумати Русия амр додааст, барои помол кардани ҳуқуқи як зодаи Тоҷикистон ба ӯ 7500 евро товони молӣ бипардозад.

Дар ҳукми додгоҳ аз рӯзи 15-уми май омадааст, ки мақомоти Русия бо боздошти тӯлонии Олимҷон Маинови 51-сола дар шароити номуносиб ва бе ҳеҷ заминаҳои қонунӣ ҳаққи ӯро поймол кардаанд ва бояд товони ин ноҳаққиро бипардозанд.

Додгоҳ мегӯяд, маъмурони Хадамоти муҳоҷирати Русия Олимҷон Маиновро, соли 2014 дастгир карда ва муддати 2 сол дар боздоштгоҳҳои гуногун ва дар шароити бад нигоҳ доштаанд, ки беасос «маҳрум кардани инсон аз озодӣ» ба ҳисоб меравад ва мухолифи қонунҳои байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқи инсон аст.

Айни замон боздошти Олимҷон Маинов, «боздошти ғайриқонунӣ бо қасди истирдод ва ихроҷ» номида шудааст, ки ба гуфтаи додгоҳ нақзи Аҳдномаи ҳифзи ҳуқуқ инсон ва озодиҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад.

Олга Тсейлова, вакили дифои рус, ки аз ҳаққи Олим Маинов дар додгоҳи аврупоӣ ҳимоят мекард, рӯзи 24-уми май ба Радиои Озодӣ, аз ҳукми додгоҳ истиқбол кард.

Ӯ гуфт, дар ин ҳукм товони молӣ муҳим нест, балки масъалаи боздошти тӯлонии афроди бе мақоми шаҳрвандӣ ба мисли Маинов аст, ки дар Русия зиёд дида мешавад.

Боздошт барои оворагардӣ

Олимҷон Маиновро мақомоти Русия соли 2014 дар шаҳри Санкт Петербург бо иттиҳоми оворагардӣ дастгир карда ва хостаанд, ба Тоҷикистон ихроҷ кунанд. Азбаски ҳеҷ санаде надоштааст, се дафъа аз сафорати Тоҷикистон дар Маскав хостаанд, барои ӯ санади бозгашт ба ватан таҳия кунад, аммо ҳеҷ посухе нагирифтаанд. Олимҷон Маинов, соли 1993 ба Русия омада ва аз он замон дар ин кишвар зиндагӣ мекардааст.

Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Башар ба ин хулоса омадааст, ки боздошти Олимҷон Маинов, ғайриқонунӣ будааст, чун мақомоти Русия барои иҷрои амри ихроҷи ӯ, ҳеҷ тадбири лозимиро наандешидаанд. Дар ин ҳукм омадааст, «Ягона чора ирсоли чанд нома ба сафорати Тоҷикистон буд. Айни замон, мақомот фақат як расмиётро иҷро кардаанд ва сарфи назар аз онки фарди шикояткунанда шаҳрванди Тоҷикистон набуд ва ин кишвар ҳаққи қонунии эътирофи ӯ ба ҳайси шаҳрвандро надошт. Ҳукумат (Русия) ҳеҷ талоше барои қабули шикояткунанда ба кишвари сеюмро накардааст ва чунин ташаббусеро ҳам нишон надодааст.»

Қазияҳои дигар дар Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон

Бори аввал нест, ки Додгоҳи Аврупоии Ҳуқуқи Инсон ба Русия амр медиҳад, ки ба шаҳрвандон ва ё зодагони Тоҷикистон ба далели нақзи ҳуқуқи онҳо товон бипардозад.

Аз ҷумла Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки 10 сол пеш бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ, ки аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд, Раҳматуллоҳ Назаров,як сокини ноҳияи Файзобод, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, тавонистанд тавассути додгоҳи Страссбург аз давлати Русия аз 15 000 то 50 000 евро товон бигиранд.

XS
SM
MD
LG