Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии як тоҷик бар ҳукумати Русия дар додгоҳ


Наимҷон Ёқубов
Наимҷон Ёқубов

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар давлати Русияро ба пардохти 25 500 евро товон ба шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов муваззаф кард.

Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар, мақараш дар Страссбурги Фаронса, рӯзи 12 ноябр бо ҳимоят аз даъвои шаҳрванди Тоҷикистон Наимҷон Ёқубов давлати Русияро ба пардохти 25 500 евро товон ба ӯ ба унвони ҷабрдида муваззаф кард. Бино ба ҳукми додгоҳ, 25 000 евро аз ин маблағ бояд ба худи Наимҷон Ёқубов ва 500 евро ба вакили ӯ В.Шухардин пардохт шаванд. Додгоҳи Аврупо ба давлати Русия барои иҷрои ин ҳукм 3 моҳ фурсат додааст.

Баррасии шикояти Наимҷон Ёқубов алайҳи поймол шудани ҳуқуқаш аз сӯи мақомоти интизомии Русия дар Додгоҳи Страссбург аз соли 2006 ба ин тараф идома дошт.

Наимҷон Ёқубов, ки ҳоло 42 сол дорад, шоми 12 ноябр дар як тамоси телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳукми Додгоҳи аврупо хеле хушҳолаш кардааст, чунки тӯл кашидани баррасии даъвои ӯ дар Страссбург дар ин авохир як андоза нисбат ба имкони тантанаи адолат ноумедаш карда буд. Вале ӯ мегӯяд, ин қарорро танҳо оғози роҳ ба сӯи тантанаи адолат мешуморад: "Ман далелҳои зиёде дорам, ки бегуноҳии маро исбот мекунанд. Ман видеои лаҳзаи боздоштамро дорам, ки дар он худи афсарони пулис мегӯянд, Ёқубов бо худ чизе надошт. Вале дар парванда навиштаанд, ки гӯё ман маводи мухаддир доштам. Муттаассифона, шароити зиндон имкон надод, ки ман тамоми далелҳои доштаамро дар ихтиёри Додгоҳи Аврупо бигузорам."

Наимҷон Ёқубов, ки ҳоло дар ду созмони ҳомии ҳуқуқи инсони Русия - Маркази кумак ба зиндониён ва Бунёди ҳимояти ҳуқуқи маҳбусон - ба ҳайси коршинос ва мушовири ҳуқуқӣ кор мекунад ва ба ҳимояи ҳуқуқи ҳамтақдиронаш машғул аст, гуфт, ҳоло тасмим дорад, барои пурра сафед кардани номи худ ба идораи ҳуқуқи башари СММ муроҷиат кунад.

Наимҷон Ёқубов, донишҷӯи собиқи риштаи забони англисии Донишкадаи омӯзгории Душанбе, дар солҳои 90, дар пайи оғози ноамниҳо аз Тоҷикистон ба Русия муҳоҷират кард. Ӯ дар моҳи июни соли 2004 дар шаҳри Подолски вилояти Маскав бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд. Ӯро ба қочоқи ҳамагӣ 10 грамм маводи мухаддир айбдор мекарданд, вале муҳокимаи парвандааш то соли 2009 тӯл кашид.

Наимҷон Ёқубов дар ин ҳама муддат ба идороти мухталифи Русия ва ҳамин тавр, ба ҳукумати Тоҷикистон ва Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар муроҷиат кард ва мегуфт, гуноҳе надорад ва қурбони беадолатии мақомоти Русия шудааст. Ӯ мегуфт, дар Русия дар симои ҳар нафар аз Тоҷикистон қочоқбари маводи мухаддирро мебинанд, вале дар асл иттиҳомоти зидди вай ҳама сохтаву бофта аст.

Наимҷон Ёқубов мегӯяд, ӯ фақат таксирон буд ва замоне дастгир шуд, ки дар мошинаш як шаҳрванди дигари Тоҷикистонро ба маҳалле дар Маскав интиқол медод.

Баъди чандин бор ба таъхиру таъвиқ андохтани мурофиаҳо билохира дар соли 2009 Наимҷон Ёқубовро дар қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохтанд ва маҳкум ба зиндон карданд. Наимҷон Ёқубов танҳо дар поёни соли 2014 аз зиндон озод шуд, вале ба муборизааш барои сафед кардани ному обрӯи худ идома дод.

Ҳукми додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ҷурмеро, ки Наимҷон Ёқубовро бар асоси он зиндонӣ карданд, лағв ё сафед намекунад, балки танҳо поймол шудани қонуният дар мавриди ин шаҳрванди Тоҷикистонро дар ҷараёни боздошту таҳқиқ ва муҳокимаи парвандааш зикр кардааст. Бар асоси ин ҳукм, дар боздошт нигоҳ доштани Наимҷон Ёқубов аз октяби соли 2007 асоси қонунӣ надошт ва давлати Русия бо ин ӯҳдадориҳои худ дар қиболи мурооти ҳуқуқи инсонро зери по кардааст.

Наимҷон Ёқубов бо иттиҳомоти, ба гуфтаи ӯ, сохта, беш аз 10 солро пушти панҷара ба сар бурд - 5 солро дар боздоштгоҳ ва 5 соли дигарро дар зиндоне дар вилояти Саратов. Ӯ як фарзанд дорад, ки ҳоло 11-сола аст. Писари Наимҷон фақат як сол пеш, вақте аллакай ба синни 10 расида буд, тавонист ба дидори падари худ ноил шавад.

Ҳукми Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар дар мавриди қазияи Наимҷон Ёқубов нахустин мавриди пирӯзии шаҳрвандони Тоҷикистон бар ҳукумати Русия дар ин додгоҳ нест.

Дар соли 2013 додгоҳи Страссбург давлати Русияро ба пардохти 30 000 евро ҷуброн ва 5 900 доллар хароҷоти додгоҳӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Савриддин Ҷӯраев муваззаф карда буд. Ҷӯраев, ки дар Русия бо дархости мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, бо изҳори нигаронӣ аз имкони истирдодаш ҳанӯз дар соли 2010 ба додгоҳи Аврупо шикоят бурда буд. Вале ӯро дар тирамоҳи соли 2011 ба Душанбе супурданд ва Ҷӯраев дар Тоҷикистон бо ҷурми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон маҳкум ба зиндон шуд.

Додгоҳи Страссбург ҳамин тавр, дар ҳамон соли 2013 Русияро ба пардохти 5 000 евро ҷуброн ва 6 000 хароҷоти додгоҳии шаҳрванди дигари Тоҷикистон Исмон Азимов низ муваззаф кард ва хост, ки ӯро истирдод накунанд. Ин сокини Исфара дар Тоҷикистон низ ба ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ва бандитизм муттаҳам мешуд.

Қаблан Ҳабибуллоҳ Насруллоев, раиси собиқи “Тоҷикматлубот”, ки дар соли 2003 бо дархости Душанбе дар Маскав барои қариб ним сол боздошт шуд, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси ҳизби демократ, ки дар соли 2004 аз Маскав ба таври асроромез ба Душанбе оварда шуд, ва сокини Хуҷанд Абдураззоқ Ғаффоров, ки дар Маскав бо ҷурми узвият дар Ҳизб-ут-Таҳрир 20 моҳро дар боздошт ба сар бурд, тавонистанд тавассути додгоҳи Страссбург аз давлати Русия аз 15 000 то 50 000 евро товон рӯёнанд.

Наимҷон Ёқубов, инак, дувумин шаҳрванди тоҷики бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир зиндонишуда аст, ки аз тариқи Додгоҳи Аврупо аз ҳукумати Русия ҷуброн мерӯёнад.

Раҳматуллоҳ Назаров
Раҳматуллоҳ Назаров

Раҳматуллоҳ Назаров, як сокини ноҳияи Файзобод, ки дар Русия бо ҷурми қочоқи маводи мухаддир маҳкум ба зиндон шуда буд, низ тавонист дар соли 2009 тавассути додгоҳи Страссбург Русияро ба пардохти 15 000 евро товон муваззаф кунад.

Русия ҳамчун узви Шӯрои Аврупо муваззаф аст, ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башарро иҷро кунад. Аммо атбоъи Тоҷикистон ҳаққи шикоят бурдан аз мақомоти додгоҳии кишвари худ ба ин додгоҳро надоранд, чунки Тоҷикистон узви Шӯрои Аврупо нест ва муҳокимаи қазияҳои ҳуқуқиаш хориҷ аз салоҳияти додгоҳи Страссбург аст.

XS
SM
MD
LG