Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои қабули хидматчиёни давлатӣ дар мақомоти иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо дар Тоҷикистон “лимит” муқаррар карда шуд. Аз ин ба баъд шумораи мансабдорон дар ҳукуматҳои тамоми вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон набояд аз 8 ҳазору 143 нафар бештар бошад.

Суғду Хатлону Бадахшон чӣ қадарӣ курсӣ доранд?

Агар таваҷҷуҳ кунед, ҳоло ягон касро аз кӯча оварда сардори ягон раёсат намемонанд. Бале, дар солҳои 90-ум ин гуна ҳодисаҳо буд. Аммо 5-10 соли охир ин гуна ҳолатҳо нест.

“Лимит”-и беш аз 8-ҳазораи мансабдорони давлатӣ дар Тоҷикистон бо як қарори ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ шудааст, ки рӯзи 30-юми март Вазорати адлия онро ба нашр расонд. Тибқи ин қарор, шумораи мансабдорони ҳар як шаҳру ноҳия дар алоҳидагӣ муайян шудааст. Барои мисол, шумораи мансабдорон дар вилояти Бадахшон бо ҳамаи ноҳияҳояш 162 нафар муайян шудааст.

Вилоятҳои бузургтаре ба мисли Суғду Хатлон 407 ва 511 мансабдор хоҳанд дошт. Ҳадди аксари шумораи мансабдорони мақомоти шаҳр ва ноҳияҳои Душанбе 175 нафар муайян шудааст.

"Маоши хуб диҳанд, як нафар кори панҷ касро мекунад"

Ин танҳо омори хидматчиёни мақомоти маҳаллӣ аст, ки вазорату идораҳо шомили он нест. Бино ба иттилои Оҷонси хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон, айни замон 19 ҳазору 239 хидматчии давлатӣ кор мекунанд.

Дилшод Муллоев
Дилшод Муллоев

Бо назардошти аҳолии кишвар, ки айни замон 8 миллиону 965 ҳазор нафар аст, бар сари 466 аҳолӣ дар Тоҷикистон як хидматчии давлатӣ рост меояд.

Дилшод Муллоев, ҳуқуқшинос ва пажӯҳишгари тоҷик, рӯзи 1-уми апрел гуфт, хидмати давлатӣ дар Тоҷикистон ниёз ба ислоҳот дорад, то самарбахшии кори мансабдорон боло бурда шавад. Ӯ гуфт, “хидматчиёни давлатии мо бояд ҷавобгӯи талаботи имрӯзаи шаҳрвандон бошанд. Мо метавонем шумораи хидматчиёни давлатиро кам карда, аз ҳисоби сарфа шудани маоши онҳо музди боқимондаҳоро боло бибарем. Чун бо 900 ва ё 1000 сомонӣ маош кори мансабдорон бе самар мешавад. Вақте маоши муносиб таъин мешавад, як нафар метавонад кори 5 нафарро ба хубӣ анҷом диҳад”.

"Дар солҳои 90-ум ин гуна ҳодисаҳо буд"

Аммо масъулони идораҳои давлатии марбут ба интихоб ва ҷо баҷогузории кадрҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло хидматчиёни давлатӣ аз тариқи озмун ба кор пазируфта мешаванд ва афроди тасодуфӣ соҳиби курсӣ нахоҳанд шуд.

Ҷумъа Давлатов
Ҷумъа Давлатов

Ҷумъа Давлатов, раиси Оҷонси хидмати давлатӣ мегӯяд, ҳоло хидматчиёни давлатӣ бар асоси 14 принсипе, ки қонун муайян кардааст, ба вазифаи давлатӣ пазируфта мешаванд. Ӯ гуфт, “агар таваҷҷуҳ кунед, ҳоло ягон касро аз кӯча оварда сардори ягон раёсат намемонанд. Бале, дар солҳои 90-ум ин гуна ҳодисаҳо буд. Аммо 5-10 соли охир ин гуна ҳолатҳо нест. Меъёри умумии интихоб дорем, ки ин таҳсил, ихтисос, собиқаи корӣ, собиқаи хидмати давлатӣ, донистани забони давлатӣ ва донистани Конститусия ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ аст”.

Аз чанд то чанд сол дар мансаб?

Як мояи интиқоди ҷомеа аз хидматчиёни давлатӣ ришватситонии онҳо боқӣ мемонад. Ахиран Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар як таҳқиқот омори мансабдоронеро нашр кард, ки як иддаи онҳо солҳои тӯлонӣ дар як мақом кор мекунанд. Оҷонсӣ гуфт, дар як ҷо боқӣ мондани ин мансабдорон боис ба фасод мешавад. Ин Оҷонсӣ дар Тоҷикистон наздики панҷсад мақомдорро пайдо кард, ки ба мӯҳлати аз 5 то 15 сол дар як мақом фаъолият доранд.

Аммо коршиносон мегӯянд, бо тағйири мансабдорон наметавон фасодро дар Тоҷикистон коҳиш дод ва бояд барои хидматчиёни давлатӣ алтернатива муқаррар шавад, то онҳоро аз фасод боздорад.

Оҷонси зидди фасод ба мақомот дастур дод, ки барои ҷилавгирӣ аз ҳолатҳои фасод мансабдорон бояд макони корашонро иваз кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG