Пайвандҳои дастрасӣ

Муаллим: "Иддаои Исроил дар мавриди нирӯҳои Эрон дурӯғ аст"


Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия

Валид Муаллим, вазири умури хориҷии Сурия, гуфтааст, ки Эрон дар Сурия ҳеч нирӯи низомӣ ё пойгоҳи доимӣ надорад. Муаллим рӯзи 2-юми июн ба хабарнигорон гуфт, ки мушовирони ҳарбии Эрон дар сафи нирӯҳои Сурия бар асоси даъвати ҳукумати он кишвар ҳузур доранд.

Исроил борҳо дар баробари ҳамагуна ҳузури доимии Эрон дар Сурия ҳушдор додааст. Вазири умури хориҷии Сурия гуфт, Исроил иддаои дурӯғин кардааст, то ба гуфтаи ӯ, рақиби деринааш Эронро таҳти фишор қарор диҳад.

Моҳи майи имсол Исроил гуфт, дар ҷавоб ба як ҳамлаи ракетии Эрон бар қароргоҳаш дар баландиҳои Ҷулон даст ба як силсила ҳамлаҳои ҳавоӣ зад. Ин ҷиддитарин рӯёрӯӣ миёни Исроил ва Эрон гуфта мешавад.

Дар ҷараёни ҷанг бо шӯришиён дар Сурия, чанд сарбози эронӣ, бо шумули шуморе аз афсарони ин кишвар кушта шуданд.

Видеоҳои охирин

Ҳукумати Ҳиндустон мехоҳад барои "се талоқ" муҷозот кунад
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG