Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селзадагони Сурхоб кӯмак мехоҳанд. ВИДЕО


.

Як созмони хайриявии кишвари арабии Кувайт, ба офатзадагони деҳаи Сурхоби ҷамоати Ғалабаи ноҳияи Фархор, маводи ғизоӣ ироа кард. Тақдими ин кӯмакҳои ғизоӣ рӯзи шанбеи 26-уми май сурат гирифт ва ба ҳар як хонаводаи аз сел зарардида, як халта орд, шакар ва панҷ литр равған тақдим шудааст.

Кӯмакҳои башардӯстона ба сокинони деҳаи зарардидаи Сурхоб дар ҳоле аз сӯи ин созмони хайриявии кувайтӣ тақдим шуд, ки онҳо тайи даҳ рӯзи ахир аз надоштани ҷои истиқомат, танқисӣ мекашанд. Ин сокинон мегӯяд, ки ҳарчанд мақомот чандин бор омада ва "ҳисобу китоб карданд", аммо амалан дар ин самт кореро анҷом надодаанд.

Сайрия Қувватова, сокини зарардидаи деҳаи Сурхоб душанбеи 28-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз рӯзи аввали офат дар хирманҷо хоб аст ва хоҳиш мекунад, ки ҳарчӣ зудтар ба онҳо кӯмак кунанд, то соҳиби сарпаноҳе шаванд. "Илтимос дастгириямон кунед, дар хирман зиндагӣ дорем. Ҳар рӯз одам омада рафта истодааст, аммо то ҳол корро оғоз накарданд. Дигар дар хирман хоб карда наметавонем",--гуфт мусоҳиби мо.

Селзадагони Сурхоб кӯмак мехоҳанд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:07 0:00

Дар пайи боронгариҳои 16-уми май, даҳҳо хона дар Сурхоб зери об монда, валангор шуданд. Ба дунбол мақомот барои муайян кардани зарари ворида аз сел, комиссияи вижа ташкил кардаанд, аммо ҳол ҳисоби зарари расида ба сокинони ин деҳот ниҳоӣ нашудааст.

Идигул Маҳмудова, як сокини Сурхоб ба Радиои Озодӣ гуфт, ки панҷ дар хона дошт ва ҳоло дигар дар он имкони зиндагӣ намондааст. Маҳмудова афзуд, ки аз сокинони саховатпешаи кишвар миннатдоранд, ки дар ҳар ҷой дег монда ва ба онҳо маводи хӯрокворӣ кӯмак карданд. Аммо ӯ мегӯяд, ки ниёзи аслии онҳо ҳоло сарпаноҳ аст.

Ба гуфтаи Идигул Маҳмудова, ҳоло дигар кӯдаконашон ба мактаб рафта наметавонанд, зеро нисфи зиёди деҳаро сел хароб кардааст. "Мо дигар дар Русия одам надорем, ки омада хонаамон созад. Панҷ дар хона буд, ҳоло як тарафаш чаппа шудааст ва дигар имкони ба даруни он даромадан нест. Ҳоло мо аз тамоми кормандони мақомот хоҳиш дорем, ки дар ҳамин моҳи шарифи Рамазон кӯмаки худро дареғ надоранд, то мо соҳиби хона шавем",-гуфт мусоҳиби мо.

Сокинони ин деҳот мегӯяд, ки агар ба зудтарин фурсат оқибатҳои селхезӣ дар ин маҳал бартараф нашавад, хурӯҷи бемориҳо аз эҳтимол дур нест.

Ҳафтаи гузашта раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон генерал Рустам Назарзода ба ин деҳа сафар карда, вазъи ба амал омадаро мушоҳида ва ба сокинонаш сӯҳбат анҷом дода буд. Аммо сокинон мегӯянд, ки бо рафтану омадан ҳеҷ кор дар миёни даҳ рӯз ба анҷом нарасидааст ва онҳо бе сарпаноҳ мондаанд.

Видеоҳои охирин

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба раҳпаймоии низомӣ дар Эрон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:00:45 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG