Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси бакорат. Ташхиси пеш аз тӯй шубҳаи домодҳоро кам накард


Ташхиси тиббии пеш аз издивоҷ ҳам шубҳаи баъзе аз домодҳоро дар мавриди гӯиё нодухтар будани ҳамсаронашон рафъ накардааст. Мақомот мегӯянд, танҳо дар чаҳор моҳи аввали имсол 12 хонавода дар вилояти Хатлон арӯси худро барои исботи покдоманиаш ба Маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ овардаанд.

  • Дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2016 гузаштан аз муоинаи тиббӣ барои ҷуфтҳо ҳатмӣ гардид.
Ҳолате буд, ки исбот кардаанд, арӯси ҷавон бокира аст ва домодро барои туҳмат ба додгоҳ кашиданд

"Баъзеашон аз якдигар дасту дилро мешӯянд"

Як пизишки огоҳ аз чунин қазияҳо рӯзи 27-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “агар баъзеи онҳо аз натиҷаи ташхис қонеъ шуда, ба зиндагии ороми худ идома диҳанд, бархеи дигар қазияро то шаҳри Душанбе мекашонанд”. Суннатулло Зугуров, раиси Маркази ташхиси тиббиву додгоҳии вилояти Хатлон, низ мегӯяд, дар баъзе ҳолат шубҳаи домодҳо беасос аст, “аммо онҳо дарк намекунанд, ки гузаштан аз як чунин санҷиши ахлоқӣ барои духтарон чӣ қадар дардовар аст”.

“Ҳангоми муроҷиат бо арӯсу домод дар алоҳидагӣ суҳбат мекунам. Баъзеашон ба гапи мо гӯш дода, ба зиндагии муштарак идома медиҳанд, вале ҳолатҳое кам нест, ки аз якдигар ба пуррагӣ дасту дил мешӯянд”, - афзуд ӯ.

Майсара ду бор аз ташхиси тиббӣ гузашт

Майсараи 28-сола аз водии Вахш 14-уми апрели имсол арӯсӣ кард, вале як рӯз баъди он ба дардисар гирифтор шуд. Шубҳаи шавҳар ба бокирагии ҳамсар боис гардид, ки Майсара аз ду ташхиси тиббӣ гузарад. Ҳарду ташхис ҳам як натиҷа дод: Майсара номи худро доғдор накардааст. Вале пас аз ин худи ӯ нахост зиндагиаш зери боми шавҳар идома ёбад.

“Зиндагиеро, ки бо туҳмат оғоз мешавад, идома додан намехоҳам. Дар назди модар ва хооҳаронаш ба ман туҳмат зад. Ба пеши пояш афтода, қасам хӯрдам, вале бовар накард. Ду бор аз ташхис гузаронд”, - нақл кард ӯ.

Майсара гуфт, аз натиҷаи ташхис ниҳоят шавҳар ва хонаводаи ӯ қонеъ шуда, хостанд, ки ҷавонҳо ба зиндагии муштарак идома диҳанд. Вале ӯ дигар майли зиндагӣ бо ҳамсарашро надорад. Мегӯяд, хеле дилсард шудааст: “Ҳаволааш ба Худо, дигар намехоҳам зиндагӣ кунам. Дигар зиндагӣ бо ӯ маъно надорад. Барои туҳмат ба додгоҳ муроҷиат накардам, барояш ҳамин кофист.”

Шикваи баъзе мардон аз чист?

Мисли Майсара духтарони ҷавони зиёде мегӯянд, ки ин мавзӯъ ба як мушкили ҷиддӣ табдил шудааст. Ба қавли онҳо, бисёр духтароне, ки бо номи нек аз хонаи падар берун мешаванд, бовар надоранд, покдомании онҳо дар хонаи шавҳар эътироф мешавад, ё на.

Аммо дар баробари ин баъзе мардон ҳам далели худро доранд. Ашрафи 27-сола, муҳоҷири тоҷик, пас аз 3 соли кор дар Русия оиладор шуд ва баҳси нодухтар будани ҳамсараш онҳоро ба Маркази ташхиси тиббиву додгоҳӣ бурд. Дар онҷо ба навхонадорон гуфтаанд, ки арӯс бокира нест.

Навор аз бойгонӣ:

"Маро бокира нестӣ гуфт ва ронд, вале ман покдоман будам"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:02 0:00

Аз моҷарои хонаводагии домоди ҷавон Ашраф ду моҳ гузашт. Ӯ ҳанӯз ҳам омода нест, ки дар ин бора ошкоро сӯҳбат кунад. Вале бародараш Муродҷон гуфт, “бевафоии арӯс обрӯи хонаводаи моро рехт”. Ин сокини шаҳри Бохтар афзуд, онҳо худро аз назари иқтисодӣ ҳам зарардида меҳисобанд, чунки харҷӣ тӯй ва азҳампошии оилаи Ашраф хонаводаро дар ҳолати ногувор қарор дод.

"Беҳуда ҳаёти як нафарро сӯзонд"

“Баъзе духтарон дидаву дониста ҳамин корро мекунанд. Бачаи камбағал ҳама дороияшро сарф кард. Агар пештар мегуфт, чунин намешуд. Одам як фикр мекард. Барвақт ҷудо мешуд ва оилаи нав мегирифт. Худи духтар дар охир ҳолати аз даст додани бокирагияшро нақл кард. Беҳуда ҳаёти як нафарро сӯзонд”, - шиква кард ӯ.

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон масъалаи покдомании духтар хеле муҳим аст. Мардум доштани муносибатҳои маҳрамонаи пеш аз арӯсиро қабул надоранд. Дар ғайри сурат, баробар бо хонавайрониву айбмониҳо, духтар бадном мешавад ва “шанс”-и барпо кардани оилаи нав бо номи нек аз даст меравад.

Таззод ин аст, ки барои як қишри хурди дигари ҷомеаи Тоҷикистон, аксаран ҷавонҳои замонавиву сокини шаҳрҳо, ин мавзӯъ дигар архаистӣ шудааст ва ҳатто бархе ҷавонҳо тарҷеҳ медиҳанд пеш аз арӯсӣ зиндагии якҷояро бо ҳам шурӯъ кунанд. Аммо шумори чунин ҷавонҳо хеле кам аст.

Мавзӯи доғ

Райҳона Мирзоева, раиси созмони ҷаъмиятии “Дилафрӯз”, мегӯяд, баҳси бакорат ва покдомании арӯсҳо аз мавзӯъҳои доғе ҳаст, ки ҳатто баъди чанд соли зиндагии муштарак аз сӯи шавҳар ва хушдоманҳо ба миён меояд. “Мисоле буд: Баъди як сол шавҳар бо занаш моҷаро кардааст, ки бокира набуд. Вале дигар исбот карда намешавад, чун вақти зиёде рафтааст. Ҳолате буд, ки исбот кардаанд, арӯси ҷавон бокира аст ва домодро барои туҳмат ба додгоҳ кашиданд”, - гуфт ӯ.

Усмоналӣ Нуров, имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар, мегӯяд, ҳарчанд худи ӯ шоҳиди чунин баҳсҳо набуд, борҳо дидааст, ки бо ин баҳона оилаҳои зиёд аз ҳам пошидаанд. Вай дар бархӯрд ба ин масъала ҷавононро ба таҳаммулу якдигарфаҳмӣ даъват кард.

Раҷабии Хуршед бо хӯрдани сирко худкушӣ кард
Раҷабии Хуршед бо хӯрдани сирко худкушӣ кард

Рӯҳонӣ гуфт...

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, “аз назари дини ислом пинҳон доштани гуноҳи зан, хусусан заноне, ки бокира нестанд, савоб аст, вале мардҳо зуд асабӣ шуда онҳоро ҷазо медиҳанд ё шармсор мекунанд.”

Баҳси покдомании Раҷаббӣ Хуршед, арӯси 18-сола дар ноҳияи Восеъ, ки ӯро сари забонҳо кард, бо фоҷиаи талхе анҷомид. Раҷаббӣ баъди камтар аз 40 рӯзи арӯсӣ ба бадномиву тӯҳмат тоб наоварда, даст ба худкушӣ зад ва додгоҳ ҳамсараш - Зафар Пировро ба 7 соли зиндон маҳкум кард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG