Пайвандҳои дастрасӣ

"Духтар" ё "нодухтар"? Талаби 90 сертификати бакорат баъди тӯй. ВИДЕО


Дилороми 18-сола, ки се рӯз қабл шавҳараш ӯро талоқ дод, барои исботи бокирагии худ аз минтақаи Кӯлоб ба Душанбе омадааст. Ӯ рӯзи 20-уми сентябр гуфт, ки ҳамсараш бо иттиҳоми духтар набудан ин арӯси якҳафтаинаро аз хонаашон берун ронд.

Мисли Дилором ба Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ дар 9 моҳи ахир беш аз 90 нафар баъд аз тӯй барои исботи бокирагӣ муроҷиат кардаанд.

Дилором хулосаи мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ дар даст барои ҳифзи шаъну шарафаш умед дорад. Натиҷаи ташхис муайян кардааст, ки Дилором то шавҳар кардан бокира буд ва даъвои хонаводаи домод беасос аст.

"Баъди як ҳафтаи оиладорӣ маро нодухтар гуфт"

“Мо рӯзи 9-уми сентябри имсол тӯй шудем. Як ҳафта оиладорӣ кардем. Шаби охир ҷоғарам каме азият дод ва хостам каме вақт диҳад, то ҳолам беҳтар шавад. Ӯ ба ғазаб омада гуфт, ту намехоҳӣ бо ман хонадорӣ кунӣ ва ба латту кӯб шурӯъ кард. Ҳолам бадтар шуд ва аз ҳуш рафтам. Ба беморхона бурданд ва 3 соат ба ҳуш наомадам. Хулоса, як ҷанҷоли калон шуд. Баъди ҷавоб шудан аз беморхона ӯ маро бо баҳонаи инки гӯё “нодухтар будаам”, талоқ дод”, - нақл кард Дилором.

Акнун Дилором натиҷаи ташхис дар даст мехоҳад ба хона баргардад ва тавассути додгоҳ обрӯи худро барқарор кунад. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз ин ҳодиса, амакаш, ки ӯро ба воя расонида буд, гирифтори бемории қалб шуд ва ҳоло дар беморхона бистарист. Дилором мегӯяд, хонаводааш ба покдомании ӯ бовар доранд, аммо дар ҳар сурат ин тӯҳмат онҳоро хеле нороҳат кард.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Навад талаби исботи бокирагӣ баъди тӯй

Мисли Дилором ба Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ дар 9 моҳи ахир беш аз 90 нафар баъд аз тӯй барои исботи бокирагӣ муроҷиат кардаанд. Ин дар ҳолест, ки соле пеш ин шумора камтар буда, ҳамагӣ 100 ҷуфт дар як сол бо чунин баҳс ба ин марказ омадаанд.

Мутахассисони маркази мазкур мегӯянд, дар бисёр ҳолат натиҷаи муоинаи онҳо ҳам оташи баҳси ду тарафро хомӯш намекунад. Шавҳарони ҷавонро натиҷаи ташхис дар як марказ қонеъ накарда, роҳи марказҳои дигарро пеш мегиранд.

Умед Икромов
Умед Икромов

Умед Икромов, як масъули Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббиву судӣ дар назди Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар миёни аксар даъвогарон ҷавонони бетаҷрибаву бедониш аз вижагиҳои равобити ҷинсӣ ва ҳам ноогоҳ зиёданд, чунки зери таъсири ақидаҳои иштибоҳии худ ва боэҳсоси баланди нобовариву хашм қарор доранд. Онҳо гоҳо тавони бо ақли солим қабул кардани шарҳу эзоҳи мутахассиси тибро ҳам надоранд.

Ташхис бо ҳузури домод ва се мутахассис

“Бештар ҷавонон набудани бакоратро танҳо дар миқдори ками хун ё аслан набудани он мебинанд. Ин тассавур нодуруст аст ва ин аз сохти пардаи бакорат вобаста аст. Вале ба ин сабаб ҳам онҳо ба зани гирифтаашон шубҳа карда, ӯро ба муоина меоранд. Бисёри вақт, баъди ташхиси мо муайян мешавад, ки арӯс ҳанӯз бокира аст”, - гуфт Икромӣ.

Маҳз нобоварии сокинон ба хулосаи ташхиси бакорат сабаб шудааст, ки ҳоло дар Маркази ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ, дар ҷараёни муоина на як, балки 3 муттахассис ва ҳамчунин шавҳари зан ширкат мекунанд. Умед Икромов мегӯяд, ҳолатҳое ҳам зиёд аст, ки ҷуфтҳо баъд аз 6 моҳ ё як соли зиндагӣ бо ин баҳс барои муоина ба марказ меоянд. "Аммо мо дар ин ҳолат коре карда наметавонем, чун муддати зиёде аз байн гузаштааст", - гуфт ӯ.

Писар характери духтарро дуруст намедонад ва баъди чанд гапи бади модару хоҳар мегӯяд, ӯро пеш кун ва ман зани дигар мегирам

"Медонед, сабаб беқадрии духтарон аст"

Дар ҳоле ки бархе аз коршиносон ноогоҳӣ дар масоили ҷинсиро далели афзоиши баҳси бокирагӣ унвон мекунанд, гурӯҳи дигар мегӯянд, “нодухтар” эълон кардани духтарон баъд аз тӯй фақат як баҳонаи “халос” шудан аз арӯсон аст. Райҳона Ҳақбердиева, раиси созмони “Дилафрӯз”, ки бо занон кор мебарад, гуфт, дар бисёр ҳолат баъди тӯй духтар ба писар ё хонаводаи ӯ писанд намеояд ва бо баҳонаи бокира набудан ӯро аз хона пеш мекунад.

“Медонед, сабаб беқадрии духтарон аст. Ҷавон дар муҳоҷират аст, пулро мефиристад ба модар ва мегӯяд ягон касро гирифта ба ман диҳед. Духтардорон ҳам бо ин фикр, ки духтарро саривақт шавҳар додан даркор аст, ӯро нотайёр бароварда хонадор мекунанд. Писар характери духтарро дуруст намедонад ва баъди чанд гапи бади модару хоҳар мегӯяд, ӯро пеш кун ва ман зани дигар мегирам”, - афзуд ӯ.

Ин коршинос мегӯяд, ба ин далел дар чандин нишастҳо бо мақомот, пешниҳодҳо садо дод, ки бояд бо таъсиси гурӯҳи вижа сабаби аслии талоқ додани занон омӯхта шавад ва дар сурати бегуноҳ бадбахт кардани як духтар, ҷониби писар ба ҷавобгарӣ кашида ва ҷаримаи калон баста шавад.

Баҳси бакорат, ки бо ҳукми зиндон поён ёфт

Баҳси бакорат дар ҷомеаи Тоҷикистон баъд аз фоҷеаи пурсарусадо ва маргбори Раҷаббӣ Хуршед, арӯсе дар ноҳияи Восеъ, ки баъд аз баҳси покдоманӣ бо шавҳар худкушӣ кард, доғ шуд.

Порлумони Тоҷикистон дар охирҳои соли 2015 муоинаи тиббии пеш аз издивоҷро ҷорӣ кард ва ҳадафи ин муоинаро мушаххас кардани вазъи сиҳҳатии арӯсу арӯс, рад шудани ҳамхунӣ ё хешутабории онҳо ва мушаххас кардани вуҷуди бемориҳои гузаранда дар хуни ҷавонҳо номид. Аммо ба гуфтаи муттахассисон, ташхиси бакорат ихтиёрӣ аст.

Бо ин ҳам муттахассисони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ аз он хушҳоланд, ки дар давоми як сол шумори духтароне ҳам зиёд шудааст, ки барои ҷилавгирӣ аз сар задани баҳси бакорат ва беобрӯ шудан қабл аз издивоҷ ба ташхис меоянд ва бо санади бакорат ба хонаи домод мераванд. Ҳоло Дилором, арӯси талоқшуда танҳо аз он пушаймон аст, ки қабл аз издивоҷ аз ташхиси бакорат нагузашт, чунки дар авҷи моҷаро метавонист пеши роҳи бадномшавиашро бигирад. Аз сӯи дигар, мегӯяд ӯ, дигар дилаш намехоҳад бо як чунин марде зиндагӣ кунад, ки дар як ҳафтаи баъди арӯсӣ ба ӯ даст боло кардаву ӯро тӯҳмати ноҷо кардааст. Мегӯяд, рӯзе ҳатман бо як марди шоистае хушбахт мешавад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG