Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташхиси маҷбурии бакорат дар Афғонистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Куммиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон ташхиси бакорати занону духтарони гумонбар ба аъмоли ғайриахлоқиро нақзи ҳуқуқи башар унвон карда, аз ҳукумат хостааст, то ба ин  амали маҷбурӣ хотима диҳад.

Куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башар, яке аз созмонҳои маъруфи ҳомии ҳуқуқ дар Афғонистон дар як гузориши муфассал аз маҷбуран анҷом додани ташхиси бакорати занону духтароне, ки ба аъмоли ғайриахлоқӣ гумонбар шудаанд, интиқод кард ва ин таҷрибаро нақзи ҳуқуқи башар номид.

Бино ба ин гузориш, ки рӯзи 29 феврал нашр шуд, Куммиссиюни ҳуқуқи башар дар соли 2015 бо 53 зану духтаре, ки ба алоқаҳои ҷинсии ғайримашрӯъ айбдор шудаанд ваё аз хона фирор кардааст, мусоҳиба кардааст. Аз ин 53 зану духтар 48 нафараш гуфтаанд, ки мақомоти давлатӣ онҳоро ба анҷоми ташхиси гинекологӣ, аз ҷумла ба ташхиси бакорат маҷбур кардаанд. Гузориш мегӯяд, аъзои ҷинсии бадани аксари ин ҷабрдидаҳоро дар ҳузури мардони дигар ташхис кардаанд.

Куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон ин ташхисҳои гинекологии маҷбуриро, ки бидуни ризоияти ҷабрдида анҷом мешаванд, навъе дигар аз табъизи ҷинсӣ ва поймол кардани ҳуқуқи инсон карда, мегӯяд, ки он як амали ғайриисломӣ ва бар хилофи як банди муҳими Қонуни Асосии Афғонистон ҳам ҳаст, ки мегӯяд, ягон қонуни ин кишвар набояд бар хилофи арзишҳои дини муқаддаси Ислом бошад.

Сурайё Субҳранг
Сурайё Субҳранг

Доктор Сурайё Субҳранг, куммиссари ҳуқуқи зан дар Куммиссиюни мустақили ҳуқуқи башари Афғонистон рӯзи 1 март дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, “ташхиси пардаи бакорат аз назари ҳуқуқи башарӣ, каромати инсонии занро аз байн мебарад, тавҳин ва таҳқир мешавад. Чунин ташхис набояд ҳеҷ гоҳ бидуни ризоияти зан анҷом шавад. Мавзӯи дигар фазоест, ки ин амал анҷом мешавад. Мо дар Афғонистон табибони зан зиёд надорем, 90 дарсади табибон мардонанд ва дар шароити ҷомиаи Афғонистон, шумо медонед, ки вақте ташхиси бадани занро як мард анҷом медиҳад, ин чӣ оқибате дошта метавонад? Ба ақидаи мо, ягон ниҳоди давлативу додгоҳӣ ҳақ надорад, як зн ё духтарро иҷборан ба тибби адлия барои муоиноти бакорат ё ташхиси алоқаи ҷинсӣ доштанаш бисупоранд. Ило бо ризоияти худи ҷабрдида.”

Ба ақидаи доктор Субҳранг, чунин ташхисҳо аз лиҳози ҳам равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ ба занону духтарони ҷабрдида осеб мерасонанд ва бархеи онҳоро водор ба аъмоле, чун худкушӣ мекунанд. Сурайё Субҳранг мегӯяд, ин ташхисҳои иҷборӣ ҳам мухолифи ҳам меъёрҳои ҳуқуқи инсон ва ҳам меъёрҳои Шариати дини Ислом аст ва ҳукумат бояд тадбирҳое биандешад, ки ягон занро дигар ба иҷбор мавриди ташхиси пардаи бакорат ва ҳоиза қарор надиҳанд.

Мақомот ва хешовандони занону духтароне, ки аз хона фирор мекунанд ваё ба алоқаи ғайримашрӯъ айбдор мешаванд, мегӯянд, ташхиси бакорат ва аъзои ҷинсии ин занонро ба хотири худи онҳо анҷом медиҳанд, то ҳамаро итминони хотир бидиҳанд, ки ин зан ё духтар даст ба кадом кори ғайриахлоқие назадааст.

Вале Сурайё Субҳранг мегӯяд, ҳамчун аломати покдомании духтар маънидод кардани пардаи бакорат хоси ҷомиаҳои мардсолоре, чун ҷомиаи Афғонистон аст, вале дар асл илми тибб бакоратро ҳамчун меъёрии саддарсадии покии зан намепазирад: “Муттаассифона, ин бардошт бештар мардона аст ва аз боварҳои нодуруст ва ноогоҳии мардум бармеояд. Ман худ ки табиб ҳастам, хуб медонам, ки бархе духтарон пардаи бакоратро аслан надоранд. Пардаи бакорати бархеи дигар ба ҳадде захим аст, ки ҳатто то таваллуди тифли аввал пардааш ҳеҷ осебе намебинад. Вале чун мардуми мо танҳо пардаи бакоратро меъёри покии духтар мешуморад, баъзе духтарони бегуноҳ ба ин далел ки шаби арӯсӣ аз андомаш хун нарафт, ҳатто кушта мешаванд. Бархеи дигарро нодухтар гуфта, рӯяшро сиёҳ мекунанд ва гирд-гирди шаҳру русто мегардонанд ва бо шармандагӣ ба хонаи волидонаш мефиристанд ва дар ивази “нодухтар” хоҳари ӯро ба арсӯӣ талаб мекунанд, ки ин ҳама нақзи ҳуқуқи башар аст.”

Интиқоди Кумиссиюни ҳуқуқи башари Афғонистон аз ташхисҳои бакорати иҷборӣ аз манотиқест, ки таҳти назорати ҳукумати ин кишвар қарор доранд. Аммо бино ба гузоришҳо, дар манотиқе, ки чирикиҳои мухолифи давлат, аз ҷумла ҷунбиши Толибон тасарруф кардаанд, занону духтаронро бо иттиҳоми алоқаи номашрӯъ ва фирор бо дӯстдоштаашон аз хона сангсор мекунанд.

Дар моҳи феврал аз сангсор шудани Бибигул ном духтаре дар минтақаи Паштункоти вилояти Форёб гузориш шуда буд. “Додгоҳ”-и Толибон ин духтарро ба он айбдор кард, ки телефонӣ бо ҷавоне сӯҳбат кардааст.

Ҳамин тавр, дар моҳи октябр дар Интернет навори сангсори Рухшона ном зане дар вилояти Ғӯр нашр шуд. Толибон ин духтарро ба он айбдор карданд, ки ҳамроҳ бо ҷавони дӯстдоштааш аз хона фирор кардааст.

Дар моҳи август дар ҳамин вилояти Ғӯр ҷангҷӯёни Толибон Аҳмад ва Зармина ном ҷуфтеро бо иттиҳоми алоқаи номашрӯъ шаллоқ зада буданд.

Навори сангсори Рухшона:

Толибон Рухшонаро сангсор карданд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:46 0:00

XS
SM
MD
LG