Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ишқобод – Навбати тӯлонӣ ва ҷанҷол барои орду равған


Камёфт шудани маводи ғизоӣ дар шаҳри Ишқобод, маркази Туркманистон, навбати тӯлонии сокинонро дар назди фурӯшгоҳҳо ба вуҷуд овардааст. Баъзе аз онҳо ба хотири риоя накардани “қоидаи” навбатпоӣ бо якдигар даст ба гиребон мешаванд.

Бархе аз сокинонии шаҳри Ишқобод дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мардум аз нисфи шаб дар навбат истода, равған ва як кило орду як кило қанди сафед мегиранд.

Як сокини Ишқобод ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳафтаҳои охир дар назди мағозаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрокворӣ теъдоди маъмурони пулис ва хадамоти махсус афзудааст.

“Дар назди ҳар мағоза панҷ–шашнафарӣ меистанд. Онҳо бо ҷанҷоли занон коре надоранд. Фақат назорат мекунанд, ки касе навбатпоии сокинон ва занозаниро сабт накунад. Мақомот аз мушкили мардум ва ончи дар кишвар мегузарад, нигарон нетанд. Онҳо фақат аз он дар ташвишанд, ки дар берун аз вазъи кишвар огоҳ нашаванд”, - афзуд ӯ.

Қаблан, дар моҳи апрели имсол, дар вилояти Марии Туркманистон фурӯшгоҳҳои давлатии ғизо ба ҳар як сокин аз ду дона зиёд нон намефурӯхтанд.

Пештар манобеи радио иттилоъ дода буданд, ки сокинони Туркманистон дар пайи камёфт шудани орд рӯ ба ҷуворӣ овардаанд. Вале мақомоти Туркманистон расман эътироф намекунанд, ки дар ин кишвар буҳрони ғизоӣ пеш омадааст.

XS
SM
MD
LG