Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА дар бораи вохӯрии Трамп бо Ин ҳафтаи оянда тасмим мегирад


Тасмими ниҳоӣ дар бораи он ки мулоқоти раҳбарони ИМА ва Куриёи Шимолӣ дар Сингапур баргузор мешавад, ё не, ҳафтаи оянда гирифта хоҳад шуд. Ин нуктаро худи президенти ИМА Доналд Трамп баён дошт. Вай рӯзи сешанбе гуфт, эҳтимол аст, ин вохӯрӣ лағв шавад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, агар баҳсҳо ба самти нодуруст бираванд, дастгоҳи президенти ИМА қатъи гуфтугӯҳоро аз эҳтимол дур намедонад. Ба гуфтаи ӯ, барои ИМА "созиши бад" бо Куриёи Шимолӣ ғайри қобили қабул аст. Пхенян ҳам гуфт, дар посух ба тамринҳои ҳарбии ҳавоии Амрико ва Куриёи Ҷанубӣ эҳтимол аст, аз мулоқот даст кашад.

Расонаҳо менависанд, раҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин аз он нигарон аст, ки эҳтимол дорад, дар ҷараёни сафари ӯ ба Сингапур дар кишвараш табаддулоти низомӣ сар занад. Ба иттилои манобеи нашрияи The Washington Post, намояндагони Куриёи Шимолӣ талаб доранд, кафолат дода шавад, ки ҳавопаймои Ким Чен Ин ҳангоми бозгашт бо сӯзишвории кофӣ таъмин хоҳад шуд.

Қарор аст, мулоқоти раҳбарони ИМА ва Куриёи Шимолӣ 12 июн баргузор шавад. Президенти ИМА гуфт, ҷонибҳо талош мекунанд, вохӯриро ба як "ҳодисаи муҳим" барои тамоми ҷаҳон табдил диҳанд. То ҳол ягон президенти ИМА бо раҳбари Куриёи Шимолӣ мулоқот накардааст.

XS
SM
MD
LG