Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳафт шарти Хоманаӣ барои боқӣ мондани Эрон дар созиши ҳастаӣ


Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон аз сиёсатҳои нави Амрико дар баробари кишвараш ва хуруҷ аз созиши ҳастаӣ интиқод кард ва ҳамзамон ҳафт шарт дар пеши аврупоиҳо гузошт, ки дар сурати амалӣ шудани онҳо, Эрон дар тавофуқи ҳастаӣ боқӣ мемонад.

Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон шоми 23-юми май дар маросим ифтори масъулони ҳукумати Эрон бо ишора ба худдории ширкатҳои аврупоӣ аз омадан ба Эрон гуфт, ки намешавад иқтисоди кишварро аз роҳи "БАРҶОМИ аврупоӣ" дуруст кард. Вай шаш шарт барои идомаи созиши ҳастаӣ бо кишварҳои аврупоӣ матраҳ кард, ки дар сурати амалӣ нашудани ин шартҳо, Эрон фаъолиятҳои гузаштаи атомии худро дигарбора оғоз хоҳад кард.

Вазири умури хориҷии Амрико авоили ҳафтаи ҷорӣ 12 шартро барои музокира ва даст ёфтан ба тавофуқи нав бо Теҳрон пешниҳод карда буд.

Судури қатънома алайҳи Амрико дар Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, матраҳ нашудани барномаи мушакӣ ва сиёсати минтақаии Эрон дар гуфтугӯҳо, замонати бонкҳои аврупоӣ ба тиҷорат бо Эрон, замонати фурӯши комили нафти Эрон, ҷуброни аҳдшиканиҳои гузашта ва муқобила бо таҳримҳои Амрико, шаш шарти Оятуллоҳ Хоманаӣ барои мондани Эрон дар созиши ҳастаӣ аст. Вай дар бораи шарти ҳафтуми худ низ гуфт, "агар аврупоиҳо дар посух гуфтан ба талабҳои мо таъхир карданд, Эрон аз ҳаққи худ медонад, ки фаъолиятҳои ҳастаии худро дигарбора оғоз кунад."

Раҳбари Эрон дар шарҳи шарти аввали худ гуфт, "се кишвари аврупоӣ дар 13-14 соли қабл (тавофуқи Саъдобод дар замони ҳукумати Муҳаммад Хотамӣ) як аҳдшикании бузурге карданд... бояд собит кунанд он бесадоқатӣ ва аҳдшиканиро нахоҳанд дошт". Вай иддао кард, "дар ду соли гузашта Амрико борҳо созиши ҳастаиро нақз кардааст ва аврупоиҳо хомӯш монанд. Аврупо бояд ин сукутро ҷуброн кунад."

Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин бо баёни ин, ки "Амрико бо хуруҷ аз созиши ҳастаӣ қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳидро нақз кардааст", хостори он шуд, ки "Аврупо як қатънома алайҳи нақзи Амрико содир кунад". Қатъномаи 2231-и Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тавофуқи атомӣ бо Эронро таъйид карда буд.

Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон таъкид кард, Аврупо "бояд ваъда диҳад, ки масъалаи мушакӣ ва сиёсатҳои минтақавии Эронро матраҳ нахоҳад кард". Вай таъкид кард, "Аврупо бояд бо ҳар гуна таҳрими Ҷумҳурии исломӣ муқобила кунад ва муқобили таҳримҳои Амрико ошкоро биистад."

Замонат додан ба фурӯши комили нафти Эрон ва замонат додан ба тиҷорат бо Эрон аз сӯи бонкҳои аврупоӣ, аз шартҳои дигари Оятуллоҳ Хоманаӣ аст. Дар пайи эълони хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ, кишварҳои аврупоӣ эълон кардаанд, ки дар созиши ҳастаӣ боқӣ хоҳанд монд. Онҳо аз Эрон хостаанд ба ӯҳдадориҳояш пойбанд бошад.

Раҳбари Эрон дар бахши асосии суханони худ аз сиёсатҳои Амрико дар баробари Эрон ва хуруҷ аз созиши ҳастаӣ интиқод кард ва гуфт, ки Вашингтон "мисли гурбаи маъруфи достони "Том ва Ҷерри" боз ҳам шикаст хоҳад хӯрд."

Оятуллоҳ Хоманаӣ иддао кардааст, ки пас аз Инқилоби исломӣ дар соли 1979, Амрико алайҳи Ҷумҳурии исломӣ иқдомоти сиёсӣ ва иқтисодӣ созмондиҳӣ кардааст. Вай таъкид кард, ки ҳадафи Амрико аз ин иқдомот, "сарнагунӣ"-и Ҷумҳурии исломӣ будааст ва ин калима ҳоло низ такрор мешавад.

Майкл Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.
Майкл Помпео, вазири умури хориҷии Амрико.

Ҷон Болтон қаблан дар гирдиҳамоии Созмони муҷоҳидин халқ -- як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Эрон эълом карда буд, ки "соли 2019 -ро дар Теҳрон ҷашн мегирем". Бо ин ҳол Ҷон Болтон, ки акнун мушовири амнияти миллии Доналд Трамп аст, дар аввалҳои моҳи май гуфт, ки тағйири режим дар Эрон дар ҳоли ҳозир дар "дастури кор"-и ҳукумати Трамп қарор надорад.

Майкл Помпео, вазири тозатаъини умури хориҷии Амрико рӯзи душанбеи 21-уми май дар нахустин суханронии сиёсати хориҷии худ дар ин мақом гуфт, ҳукуматаш "сахттарин таҳримҳои таърихро алайҳи Эрон вазъ хоҳад кард ва агар ҳукумати Эрон рафтори худро иваз накунад, фишори таҳримҳо афзоиш хоҳад ёфт."

Вазири умури хориҷии Амрико 12 шартро барои музокира ва даст ёфтан ба тавофуқи нав бо Теҳрон пешниҳод карда буд. Қатъи ғанисозии ураниюм, озодии шаҳрвандони амрикоии зиндонӣ дар Эрон, қатъи барномаи рушди мушакҳои дурпарвоз, қатъи ҳимоят аз гурӯҳҳое чун Ҳамос, Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин, мудохила накардан дар умури Ироқ, Сурия ва Яман, ҳимоят накардан аз Толибон, поён додан ба таҳдиди Исроил, Арабистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумлаи 12 хостаи Амрико аз Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Исроилу чанд кишвари шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс аз ин таҳримҳо ва сиёсатҳои нави Амрико дар баробари Эрон, дифоъ кардаанд. Аммо қудратҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони Амрико аз он интиқод намуданд. Эрон ба ин суханони вазири умури хориҷии Амрико вокуниши тунде нишон дод.

XS
SM
MD
LG