Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Болтон: Амрико дар пайи "тағйири низом" дар Эрон нест


Мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико, ки пештар пешниҳоди фишори Вашингтон барои тағйири низом дар Эронро матраҳ карда буд, мегӯяд, ин масъала дар ҳоли ҳозир дар "дастури кор"-и ҳукумати Доналд Трамп қарор надорад.

Ҷон Болтон дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии ABC, ки рӯзи якшанбеи 13-уми май пахш шуд, гуфт, дастури кори ҳукумати феълии Амрико ин аст, ки "мутмаин" шавад Эрон "ҳаргиз" ба сохтани силоҳи ҳастаӣ "наздик" намешавад.

Бинобар мавқеъгириҳои сахти Болтон дар нисбати Эрон, интихоби вай ба унвони мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури ИМА, ин гумонзаниҳоро афзоиш дод, ки фишорҳо болои Теҳрон аз сӯи Амрико бештар мешавад.

Вай қаблан дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии CBN дар посух ба ин суол, ки пеш аз ин дар бораи зарурати "тағйири низом" дар Эрон сӯҳбат карда буд, гуфт, ки дар солҳои гузашта, ки фарди "озод" буд, дар ин бора матлабҳои зиёде навишта ва ин масъаларо матраҳ кардааст.

Ҷон Болтон, ки моҳи март аз тарафи Доналд Трамп мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико интихоб шуд, ба CNN ҳамчунин гуфт, "мақоме, ки ман акнун дар он қарор дорам, ин аст, ки мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурӣ ҳастам. Ман тасмимгирандаи амнияти миллӣ нестам. Вай (Трамп) тасмимгиранда аст ва машварате, ки ман ба ӯ медиҳам, байни мост."

Ин изҳорот дар ҳоле аст, ки мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико дар сиёсатгузорӣ ва тасмимгириҳои ҳукумат дар сиёсати хориҷӣ нақши таъйинкунандае дорад.

Изҳороти нави мушовири амнияти миллии Трамп дар ҳоле матраҳ шуд, ки вай дар моҳи январ дар гуфтугӯ бо шабакаи Fox News гуфта буд, ҳукумати Амрико бояд чораҳое, аз ҷумла фишори иқтисодӣ ба ҳукумати Эрон ва ҳимоят аз мухолифони ҳукуматро афзоиш диҳад. Болтон бо баёни инки, "мо корҳои зиёд метавонем анҷом диҳем ва бояд анҷом диҳем", афзуда буд, ки "ҳадафи ниҳоии мо бояд тағйири режим дар Эрон бошад."

Оқои Болтон дар соли 2015 низ дар ёддоште барои рӯзномаи New-York Times хостори ҳамла ба муассисаҳои ҳастаии Эрон шуда буд ва дар соли 2016 низ бо онки эҳтимол мерафт ба унвони вазири умури хориҷӣ баргузида шавад, аз тағйири режим дар Эрон сухан гуфта буд.

Вай ду сол қабл дар як гуфтугӯ гуфта буд, "ҳукумати оятуллоҳҳо хатари аслӣ барои сулҳи ҷаҳонӣ ва амнияти Ховари Миёна аст. Сарнагун кардани ин ҳукумат бидуни шак оромиш ва хушнудиро ба минтақа боз хоҳад гардонд ва дар айни ҳол муҳимтарин хатар дар минтақаро аз байн хоҳад бурд."

Бинобар мавқеъгириҳои сахти Болтон дар нисбати Эрон, интихоби вай ба унвони мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳури Амрико, ин гумонзаниҳоро афзоиш дод, ки фишорҳо болои Теҳрон аз сӯи Амрико бештар мешавад. Ин гумонзаниҳо аз он рӯ матраҳ мешавад, ки Трамп ба ҷои Рекс Тиллерсон раиси Созмони истихбороти марказии он кишварро вазири умури хориҷӣ интихоб кард, ки вай низ мавқеи тунде алайҳи ҳукумати Эрон ва барномаи ҳастаии Ҷумҳурии исломӣ дорад.

Пас аз он, ки Доналд Трамп ба таври расмӣ канор рафтани Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эронро эълон кард, мушовири амнияти миллии Амрико таъкид кард, ки ин иқдом ба маънии муқаддимаи рӯёрӯии низомӣ бо Эрон нест. Пас аз имзои созиши ҳастаӣ, Оҷонсии байналмилалии энержии ҳастаӣ борҳо эълом кард, ки Теҳрон ба нуқтаҳои тавофуқи ҳастаӣ пойбанд буда ва онро нақз накардааст.

Ин амр боиси он шуд, ки тарафдорони тавофуқи ҳастаӣ бигӯянд, ки хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ дар ин шароит ба маънии нақзи ин созиш аз сӯи Вашингтон аст. Мушовири амниятии миллии Доналд Трамп дар посух ба ин нукта низ гуфта буд, ки "фикр намекунам, ки мо БАРҶОМ-ро зери по гузорем, мо аз он канор меравем."

XS
SM
MD
LG