Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хуруҷи Амрико аз созиши атомӣ тарҳи Чобаҳорро ба хатар андохтааст"


Хабаргузориии "Рейтерз" менависад, хуруҷи Амрико аз тавофуқи ҳастаӣ ва бозгашти таҳримҳо алайҳи Эрон, тарҳи Чобаҳорро, ки ҳадафи он рушди тиҷорат бо Осиёи Миёна ва кӯмак ба бозсозии иқтисоди Афғонистон буд, ба хатар андохтааст.

Нарандра Моди, нахуствазири Ҳинд пас аз созиши атомӣ миёни Эрон, ҳукумати Барак Обама ва панҷ қудрати ҷаҳонии дигар, ба Эрон рафта ва даҳҳо қарордод, аз ҷумла дар мавриди тарҳи Чобаҳор имзо карда буд. Ҳукумати Ҳинд талош дорад бо истифода аз бандари Чобаҳор, ба бозорҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон роҳ ёбад.

Бандари Чобаҳор тақрибан дар 100-километрии бандари Гваддари Покистон ҷойгир аст. Чин дар ҳоли ҳозир машғули тавсеаи бандари Гваддар аст. Ҳинд ба ҳар ду кишвар -- Чин ва Покистон ба унвони рақиб нигоҳ мекунад.

Бо ин ҳол, дар ду соли гузашта низ амалиёти бунёди ин роҳи транзитӣ бинобар нигарониҳо аз тасмими Доналд Трамп дар бораи Барномаи ҷомеи амали муштарак, ба кундӣ пеш мерафт. Доналд Трамп хостори ислоҳоте дар созиши ҳастаӣ шудааст, аммо Ҷумҳурии исломии Эрон ба он мухолифат кард, ки дар ниҳоят ба хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ анҷомид.

Хабаргузории "Рейтерз" мегӯяд, тарҳи Чобаҳор метавонад роҳкушоӣ миллионҳо доллар тиҷорат бо Афғонистон ва коҳиши вобастагии феълӣ ба Покистон бошад. Ҳукумати Амрико ба таври ошкор аз иқдомоти Покистон, аз ҷумла бинобар "дахолат" дар Афғонистон ва "додани пойгоҳи амн" ба гурӯҳҳои террористӣ, интиқод кардааст. Аммо Исломобод ин иттиҳомро радд мекунад.

Хабаргузории "Рейтерз" дар идомаи гузориши худ дар мавриди аҳамияти тарҳи Чобаҳор афзудааст, бозсозии иқтисоди Афғонистон метавонад вобастагии Кобул ба кӯмакҳои хориҷиро коҳиш диҳад ва ба таври ҷиддӣ ба тиҷорати пурдаромади тарёк тавассути гурӯҳи Толибон, зарба бизанад.

Авохири соли пеш шабакаи теливизионии Тулӯъ"-и Афғонистон гуфта буд, ҳукумати Эрон барои 165 ширкати афғонӣ ба ҳадафи сармоягузорӣ ва фаъолияти дар минтақаи тиҷорати озоди бандари Чобаҳор, иҷозатномаи фаъолият содир кардааст.

Як дипломати баландпояи ҳукумати Ҳинд ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтааст, "тасмими раиси ҷумҳури Амрико барои хуруҷ аз барномаи атомӣ, моро ба сари хат баргардонид ва мо бояд дар мавриди шароити истифода аз Чобарҳор дубора музокира кунем."

Ба гуфтаи ин дипломати ҳиндӣ, тарҳи Чобаҳор "масире аст, ки метавонад тиҷорат миёни Ҳинд, Эрон ва Афғонистонро дигаргун кунад, аммо дар ҳоли ҳозир ҳама чиз дар вазъияти номаълуме қарор гирифтааст".

Кохи Сафед ҳанӯз ба дархости "Рейтерз" барои вокуниш ба ин гузориш посухе надодааст. Гуфта мешавад, тарҳи Чобаҳор бар чаҳорчӯбаи рақобатҳои стратегии Ҳин бо Чин низ аҳамият дорад.

Бандари Чобаҳор тақрибан дар 100-километрии бандари Гваддари Покистон ҷойгир аст. Чин дар ҳоли ҳозир машғули тавсеаи бандари Гваддар аст. Ҳинд ба ҳар ду кишвар -- Чин ва Покистон ба унвони рақиб нигоҳ мекунад.

Ҳинд ваъда додааст, ки дар бандари Чобаҳор 500 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад ва тирамоҳи соли гузашта молу колои худро тариқи киштиҳои аз Уммон ба ин бандар ва сипас тариқи мошинҳо ба Афғонистон интиқол дод.

XS
SM
MD
LG