Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба изҳороти Помпео дар бораи таҳримҳо алайҳи Эрон


Таҳримҳои нав алайҳи Ҷумҳурии исломии Эрон, ки онро вазири умури хориҷии Амрико Майкл Помпео рӯзи 21-уми май эълон кард, ҷомеаи ҷаҳониро ба чанд даста тақсим кардааст. Исроилу чанд кишвари шайхнишини ҳавзаи Халиҷи Форс аз ин таҳримҳо ва сиёсатҳои нави Амрико дар баробари Эрон, дифоъ кардаанд. Аммо қудратҳои дигари ҷаҳон, аз ҷумла муттаҳидони Амрико аз он интиқод намуданд. Эрон ба ин суханони вазири умури хориҷии Амрико вокуниши тунде нишон додааст.

Амрико аз Эрон чӣ талаб дорад?

Майкл Помпео рӯзи душанбеи 21-уми май дар нахустин суханронии сиёсати хориҷии худ дар мақоми вазири умури хориҷии Амрико гуфт, ҳукуматаш "сахттарин таҳримҳои таърихро алайҳи Эрон вазъ хоҳад кард ва агар ҳукумати Эрон рафтори худро иваз накунад, фишори таҳримҳо афзоиш хоҳад ёфт."

Даҳҳо тан аз устодони донишгоҳҳо, пажӯҳишгарон, нависандагон, ҳунармандон, синамогарон ва мусиқидонони эронӣ ва ғайри эронӣ дар номае аз масъули сиёсати хориҷии ИА хостаанд, то Аврупо ба созиши ҳастаӣ пойбанд бимонад.

Вазири умури хориҷии Амрико 12 шартро барои музокира ва даст ёфтан ба тавофуқи нав бо Теҳрон пешниҳод кардааст. Қатъи ғанисозии ураниюм, озодии шаҳрвандони амрикоии зиндонӣ дар Эрон, қатъи барномаи рушди мушакҳои дурпарвоз, қатъи ҳимоят аз гурӯҳҳое чун Ҳамос, Ҷиҳоди исломӣ дар Фаластин, мудохила накардан дар умури Ироқ, Сурия ва Яман, ҳимоят накардан аз Толибон, поён додан ба таҳдиди Исроил, Арабистон ва Имороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумлаи 12 хостаи Амрико аз Ҷумҳурии исломии Эрон аст.

Рӯҳонӣ: "Мардуми Эрон садҳо бор ин суханонро шуниданд"

Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ суханони Майкл Помпеоро шабеҳи суханони мақомоти ҳукумати Ҷорҷ Буш дар 15 соли пеш хонд ва гуфт, "шумо чӣ кораед, ки барои Эрон ва ҷаҳон тасмим бигиред ва бигӯед, Эрон дар заминаи фановарии ҳастаӣ бояд чӣ кунад". Ҷорҷ Буш дар соли 2002 аз Эрон, Ироқ ва Кореяи шимолӣ ба унвони "меҳвари бадӣ" ном бурда буд.

Ба гузориши хабаргузориҳои Эрон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар як суханронӣ таъкид кардааст, ки "дунёи имрӯз намепазирад Амрико барои ҷаҳон тасмим бигирад". Вай дар идома гуфтааст, "инки як оқое, ки солҳо дар як маркази ҷосусӣ машғули фаъолият буда, ҳоло бихоҳад аз ҷойгоҳи вазири хориҷии Амрико ва барои Эрон ва дигар кишварҳо, супориш бидиҳад, ба ҳеҷ ваҷҳ қобили қабул нест". Раиси ҷумҳури Эрон афзудааст, "вақти ин суханон гузаштааст, мардуми Эрон садҳо бор ин ҳарфҳоро шуниданд ва аҳамият надоданд."

Вазорати умури хориҷии Эрон дар вокунише ин суханони вазири умури хориҷии Амрикоро "мудохилаи ошкор дар умури дохилӣ"-и Эрон ва "таҳдиди ғайриқонунӣ алайҳи як узви СММ" донист ва таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломӣ ҳаққ дорад аз ҳаққи қонунии худ ҳимоят кунад. Вазорати умури хориҷии Эрон мақомоти амрикоро "падарони Ал-Қоида, ДИИШ ва садҳои гурӯҳакҳои террористии дигар" хонд ва иддао кард, ки "ин кишвар сулҳ ва амнияти байналмилалиро ба хатар андохтааст."

Исроил ва Баҳрайну Иморот истиқбол карданд

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил аз ин суханони вазири умури хориҷии Амрико истиқбол карда ва гуфтааст, "қатъи ғанисозӣ, таҳримҳои сахт ва хуруҷи Эрон аз Сурия, мо бовар дорем ин сиёсат, танҳо сиёсате аст, ки дар ниҳоят субот ва сулҳро дар минтақаи Ховари Миёна таъмин мекунад". Нетаняҳун рӯзи душанбеи 21-уми май гуфт, "мо аз ҳама кишварҳо мехоҳем то сиёсатҳои Амрико дар баробари Эронро ҳамроҳӣ кунанд."

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.
Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил.

Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, "созиши ҳастаии Эрон "ҳеҷ ҷойгузине надорад" ва "Майкл Помпео дар суханронии худ мушаххас накард чӣ тавр хуруҷ аз созиши ҳастаӣ минтақаро амнтар хоҳад кард."

Иморати Муттаҳидаи Араб аз гуфтаҳои вазири умури хориҷии Амрико истиқбол кардааст. Вазири мушовир дар умури хориҷии он кишвар мегӯяд, "талошҳои якҷоя танҳо роҳе аст, ки ба Эрон нишон медиҳад аз тавсеаталабӣ даст бардорад."

Интиқоди Эрдуғон аз тасмими Амрико

Раҷаб Таййб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия аз хуруҷи Амрико аз созиши ҳастаӣ бо Эрон интиқод кард ва гуфтааст, "он касоне, ки 15 ҳазор кулоҳаки атомӣ доранд, дар ҳоли ҳозир машғули таҳдид кардани ҷаҳон ҳастанд." Оқои Эрдуғон мегӯяд, "ин, ки дигар тарафҳои созиши ҳастаӣ, бар хилофи тасмими Амрико ба он вафодор мондаанд, аз нигоҳи Туркия як тасмими бисёр мусбат аст."

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия.

Вазири умури хориҷии Баҳрайн гуфтааст, стратегияи ироашуда аз сӯи вазири умури хориҷии Амрико "нишондиҳандаи азм барои муқобила бо хатарҳо аз сиёсати Эрон аст, ки амният ва суботи минтақаро ба хатар андохтааст". Баҳрайн гуфтааст, ки сиёсатҳои Амрико дар баробари Эронро ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷии Бритониё гуфтааст, дурнамои расидан ба як созиши нав бо Теҳрон "хеле ва хеле сахт аст" ва "баъид аст, ки дар бораи ҳама ончи вазири умури хориҷии Амрико гуфт, дар як марҳила амалишаванда бошад."

Хабаргузории "Рейтерз" ба нақл аз як "дипломати баландпоияи эронӣ", ки номашро фош накард, мегӯяд, суханронии вазири умури хориҷии Амрико нишондиҳандаи сиёсати Амрико барои тағйири низом дар Эрон аст. Вазири умури хориҷии Олмон гуфтааст, барои мулоқот ва гуфтугӯ бо Майкл Помпео дар мавриди Эрон ба Вошингтон сафар мекунад.

Созмони муҷоҳидин халқ -- як гурӯҳи мухолифи ҳукумати Эрон бо нашри як изҳорот гуфтааст, "вазири умури хориҷии Амрико дар нахустин суханронии худ, қиёми мардуми Эрон дар баробари диктатории динӣ ва бузургтарин пуштибони терроризмро ба расмият шинохт ва хостори як ҷабҳаи ҷаҳонӣ дар баробари ҳукумати Эрон шуд."

Ҳамзамон даҳҳо тан аз устодони донишгоҳҳо, пажӯҳишгарон, нависандагон, ҳунармандон, синамогарон ва мусиқидонони эронӣ ва ғайри эронӣ дар номаи ба Федерика Могеринӣ, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо хостаанд, то Аврупо ба созиши ҳастаӣ бо Эрон пойбанд бимонад.

XS
SM
MD
LG