Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи 9-уми май ба суханони Доналд Трамп, президенти Амрико алайҳи Эрон ва хуруҷи он кишвар аз тафовуқномаи ҳастаӣ ё Барномаи ҷомеи амали муштарак (БАРҶОМ) вокуниш нишон дод.
Ҳар кишваре, ки ба Эрон дар дастёбӣ ба силоҳи атомӣ кумак мекунад, мавриди таҳримоти сахти Амрико қарор мегирад. Амрикоро гаравгон гирифтан ва ё таҳдиди атомӣ кардан имкон надорад.Доналд Трамп
Доналд Трамп рӯзи сешанбе Эронро ба "фаъолиятҳои террористӣ, содир кардани мушакҳои хатарнок ва ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ" муттаҳам кард ва гуфт, "ҳеҷ яке аз корҳое, ки низоми Эрон кардааст, ба андозаи ҳаракат ба сӯи сохтани силоҳи атомӣ хатарнок нест."
Раҳбари Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар Донишгоҳи фарҳангиён гуфт, "дишаб шунидед, раиси ҷумҳури Амрико суханони сабуке зад. Шояд 10 дурӯғ дар ҳарфҳои ӯ буд. Ҳам низомро таҳдид кард, ҳам миллатро, ки чунин ва чунон мекунам. Банда аз тарафи миллати Эрон мегӯям: Оқои Трамп! Шумо ғалат мекунед."
Вай афзуд, "мегуфтем, мушкили Амрико бо Эрон вобаста ба энержии ҳастаӣ нест, мегуфтанд, на, ин тавр нест, ҳоло дидед, мо БАРҶОМ-ро пазируфтем, аммо душманиҳо тамом нашуд". Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ дар идома гуфт, "ҳоло масъалаи ҳузури Эрон дар минтақа ва масъалаи мушакҳоро матраҳ мекунанд. Агар инҳоро ҳам қабул кунем, масъалаи дигареро шурӯъ мекунанд. Сабаби мухолифати Амрико бо низом ин аст, ки ин кишвар ба таври комил нуфуз дошт ва инқилоб дасти онҳоро кӯтоҳ кард."
Алии Хоманаӣ дар идома гуфт, "ончи иттифоқ афтод, яъне рафтори зишти раиси ҷумҳури Амрико хилофи интизори мо нест. Ин рафторҳо дар даврони президентҳои қабл ҳам вуҷуд дошт ва дар ҳар даврае як тавр будааст". Вай изофа кард, "миллати Эрон бо қудрат истод ва он руасои ҷумҳури қаблӣ мурданд ва устухонҳояшон ҳам пӯсид ва Ҷумҳурии исломӣ ҳамчунон ҳаст. Ин оқо (Трамп) ҳам хок хоҳад шуд ва баданаш хӯроки мор ва мӯр мешавад ва Ҷумҳурии исломӣ ҳамчунон хоҳад истод."
Аз ин қабл Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон, дар як суханронии вижа, шаби 8-уми май гуфт, "Амрико ҳеҷ вақт ба ваъдаҳояш пойбанд набудааст”. Вай гуфт, ба созмони энержии атомӣ дастур додааст, то омодагии заруриро барои иқдомоти баъдӣ дошта бошад. “То иҷрои ин тасмим чанд ҳафта сабр мекунем. Бо дӯстон ва муттаҳидон ба машварат мепардозем. Ҳама чиз ба манфиати миллии мо бастагӣ дорад”, - таъкид дошт ӯ.
Ҳасан Рӯҳонӣ дар идома гуфт, "мардуми мо шоҳид хоҳанд буд, ки рушди иқтисодии мо ва оромиши бозор идома хоҳад дошт. Давлат аз шаш моҳ пеш барномарезиҳои лозимро кардааст. Арзи мавриди ниёзи кишварро ба хубӣ таъмин хоҳем кард.”
Бархе эрониҳо ҳарос доранд, ки тасмими президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи бозбинӣ шудани таҳримҳои зидди Эрон иқтисоди бе ин ҳам заъифи ин кишварро осеби бештар мерасонад. Пурсише дар хиёбонҳои Теҳрон:
Бар асоси созише, ки соли 2015 имзо шуд, Эрон фаъолиятҳои атомӣ аз ҷумла ғанисозии ураниумро ба таври чашмгир маҳдуд кард ва баъзе аз таҳримоти нафасгиркунандаи иқтисодӣ ба зидди онро бардоштанд. Тавофуқи атомӣ миёни Эрон, ҳукумати Барак Обама, Олмон, Фаронса, Чин, Бритониё ва Русия дар тирамоҳи соли 2015 ба даст омада буд.
Пас аз моҳҳо интизор ва гумонзаниҳо дар бораи сарнавишти тавофуқи атомӣ бо Эрон, Доналд Трамп - раиси ҷумҳури Амрико рӯзи сешанбеи 8-уми май гуфт, кишвараш аз ин созиши, ба қавли ӯ, "бад" ва "яктарафа" берун шуд. Вай рӯзи 8-уми май дар Вашингтон гуфт, "барои ман возеҳ аст, ки бо ин таркиби пӯсида ва табоҳшавандаи созиши феълӣ монеи дастёбии Эрон ба бомби атомӣ намешавем. Созиш бо Эрон аз ҳастиаш ноқис аст. Агар мо коре накунем, яқин медонем, чӣ хоҳад шуд. Дар муддати кӯтоҳе кишвари ҳомии аслии террор дар ҷаҳон ба назди дарвозаи хатарноктарин аслиҳаи дунё мерасад. Аз ин рӯ ман имрӯз эълон мекунам, ки Амрико аз созиши атомӣ бо Эрон хориҷ мешавад."
Трамп гуфт, ёддоштеро барои барқарор кардани таҳримоти атомии Амрико бар зидди режими Эрон имзо мекунад: "Мо таҳримоти иқтисодӣ дар сатҳи баландтаринро эҷод мекунем. Ҳар кишваре, ки ба Эрон дар дастёбӣ ба силоҳи атомӣ кумак мекунад, мавриди таҳримоти сахти Амрико қарор мегирад. Амрикоро гаравгон гирифтан ва ё таҳдиди атомӣ кардан имкон надорад. Мо намегузорем, ки ба шаҳрҳои Амрико бо харобӣ таҳдид кунанд, мо намегузорем, режиме, ки “Марг бар Амрико” шиор медиҳад, ба маргбортарин аслиҳа дар Замин дастрасӣ дошта бошад."