Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оҷонсӣ порагирии як корманди пулиси Раштро тафтиш мекунад


Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбат ба як корманди Шӯъбаи корҳои дохилии Рашт бо иттиҳоми гирифтаи "пора" тафтиш оғоз кардааст. Тафтишот пас аз он шурӯъ шуд, ки ҳудуди ду ҳафта қабл як сокини минтақа бо номи Акрамҷон Солеҳов ба Оҷонси зидди коррупсия муроҷиат намуд ва аз пораталабии ин корманди пулиси Рашт хабар дод. Солеҳов иддао дорад, кормандони пулис, ки барои дуздидани телефони як донишҷӯ айбдор мешуд, ҷиҳати пинҳон намудани ин амал 3000 сомонӣ талаб кардааст.

Дар пайи муроҷиати Акрамҷон Солеҳов, мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия дар ихтиёри ӯ "флешкорт"-ро мегузоранд, то ҷараёни "пора" гирифтани ин пулисро аксбардорӣ кунад. Акрамҷон Солеҳов ҷараёни 1000 сомонӣ пора гирифтани ин корманди пулисро аксбардорӣ намуда ва дар ихтиёри Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузоштааст.

Ҳикматулло Азизов, корманди Шӯъбаи милисаи ноҳияи Рашт, рӯзи 23-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, иддаои гирифтани пора аз тарафи сокини ҷамоати деҳоти Навободи ноҳияи Рашт нисбат ба ӯ тӯҳмат аст ва Акрамҷон Солеҳов мехост вайро "подстава" кунад. Вай гуфт "яке аз наздиконашро боздошт карданд ва ба хотири бадном кардани ман хостааст тӯҳмат занад."

Аъзам Мирзозода, муфаттиши Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия тафтиши парванда нисбат ба ин корманди пулис дар Раштро тасдиқ кард ва гуфт, аз натиҷаҳои он баъдан хабар хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки дар соли 2016 Оҷонсии мубориза зидди коррупсияи Тоҷикистон эълон кард, ки 145 мавриди фасод аз сӯи кормандони низомиро сабт кардааст, ки 57 мавриди он ба маъмурони милиса рабт мегирад.

XS
SM
MD
LG