Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сел дар Фархор даҳҳо нафарро хона бар дӯш кард. АКС


Сел дар деҳаи Сурхобу Қизилсуи ноҳияи Фархор даҳҳо оиларо хона бар дӯш карда, боис ба ҳалокати Хол Қулмуродови 25-сола шудааст.

Сокинони рустои Сурхоб рӯзи 19-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки то ҷое тавонистанд ҷиҳози хонаҳояшонро ба берун бароварда, худу фарзандонро дар ҷои амнтар, дар манзили наздикон ҷобаҷо намуданд. Онҳо гуфтанд, деворҳо нам гирифта, зиндагиро дар хонаҳо ғайри мумкин кардааст.

“Инчунин, рӯи ҳавлиҳо мисли ҳавз пури об аст. Лойи зиёде ҷамъ шудааст ва дар дохили деҳе гаштугузор кардан намешавад”, - гуфт яке аз сокинон.

Аксҳо аз маҳалли офатзадаи ноҳияи Фархор:

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон низ рӯзи 19-уми май эълон кард, ки мардуми офатзадаро ба ҷои амн кӯчондааст. Масъулони Кумита гуфтанд, барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Фархор гуруҳи корӣ қарор дорад.

Инчунин, барои тоза кардани маҳалли офатзада аз лойоб сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбии марбут ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Хатлон ҷалб шудаанд. То ба ҳол зарари расида аз борону сел дар ноҳяии Фархор ҳисоб нашудааст. Мақомот гуфтанд, ҳисобу китоб дар ин замина идома дорад.

Борону сел дар як ҳафтаи охир ба чанд ноҳияи дигари кишвар зарар расондааст. Офатҳои табиӣ дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон боис ба марги ду кӯдак шуда, дар ноҳияи Хуросон даҳҳо гектар замини киштро вайрон кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Мирвайс: "Шаби хушбахтиамро ба шаби мотам табдил доданд".
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
XS
SM
MD
LG