Президенти Украина Петр Порошенко гуфт, барои омодагӣ ба мулоқоти "чаҳоргонаи нормандӣ", ки қарор аст, дар шаҳри Порис баргузор шавад, бо раҳбарони Олмон ва Фаронса ба созиш расиданд.
Порошенко дар ин бора рӯзи 10 май, баъд аз мулоқот бо раҳбарони Олмону Фаронса - Ангела Меркел ва Эммануэл Макрон хабар дод.
"Созиш ва тамоми корҳоеро ҳамоҳанг кардем, ки бояд барои баргузории ҷаласаи "формати нормандӣ" дар рӯзҳои наздик анҷом шаванд", - изҳор дошт президенти Украина.
Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин раҳоии асирон, ворид кардани посдорони сулҳ ва имкони эъломи таҳримҳои нав зидди Русияро барои баргузор кардани интихобот дар Қрим баррасӣ карданд.
Президенти Украина рӯзҳои 9 ва 10 май дар доираи як сафари расмӣ дар Олмон қарор дошт. Охирҳои моҳи май мулоқоти раҳбарони Олмону Фаронса бо президенти Русия Владимир Путин дар назар аст.