Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармоягузорони тоҷику узбек аз андозбандӣ озод шуданд. ВИДЕО


Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон бо тасвиби ду созишномаи иқтисодӣ, шароит барои рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ бо Узбекистонро фароҳам кард. Ҳамакнун сармоягузории ду кишвар аз андозбандии дуҷониба озод шуда, заминаи таъсиси корхонаҳои муштараки бештар аз 17 корхонаи феълӣ имконпазир шуд.

Соли гузашта миёни Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи 126,4 миллион доллари ИМА табодули маҳсулот сурат гирифтааст.

Раҳмон Полвонови 39-сола тӯли панҷ соли ахир ба тиҷорати маҳсулоти Узбекистон дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ машғул аст. Рӯзи ҷумъаи 4-уми май вай дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қаблан маҳсулоти ин кишвари ҳамсояро аз роҳҳои махфӣ вориди Тоҷикистон карда, сипас ба фурӯш мегузошт. Ба унвони мисол, вай гуфт, ки қаблан як табақи бузурги палавхӯрии сохти Узбекистонро бо нархи 150 сомонӣ мефурӯхт. Аммо баъд аз боз шудани марзҳои миёни Тоҷикистону Узбекистон арзиши ин табақ то ба 45 сомонӣ пойин рафтааст.

Раҳмон Полвонов
Раҳмон Полвонов

Раҳмон Полвонов афзуд, ҳоло онҳо маҷбур ҳастанд ҳам дар Узбекистон андоз ва боҷи гумрукӣ супоранд ва ҳам дар Тоҷикистон. "Агар андоз аз фурӯш аз байн бурда шавад, ин табақи бузурги палавхӯриро ман ба ивази 20 сомонӣ низ ба фурӯш мегузорам",-афзуд Полвонов.

Ин орзуи тоҷири тоҷикро имрӯз вакилони Маҷлиси намояндаҳои Тоҷикистон то андозае амалӣ карданд. Дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа ду созишномаи имзошуда дар ҷараёни сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро тасвиб карданд. Ҳамакнун Созишномаи миёни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ва Созишнома дар бораи канорагирӣ аз андозбандии дукаратаи миёни Тоҷикистону Узбакистон, ба ҳукми иҷро даромад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Сармоягузорони тоҷику узбек аз андозбандӣ озод шуданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи будҷа ва иқтисоди Маҷлиси намояндагон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ 4 май гуфт, ки Тоҷикистон қаблан бо бештаре аз кишварҳои ҷаҳон чунин созишномаҳоро тасвиб карда буд. Аммо ба далелҳои мухталиф имзо ва тасвиби чунин санад бо Узбекистони ҳамсоя ба дарозо кашид.

Вай гуфт, иқтисоди Тоҷикистон ба сармоягузории хориҷӣ ниёзи калон дорад ва ҳоло имкони ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам шудааст, ки сармоягузории Узбекистон ба иқтисоди Тоҷикистон бамаротиб афзоиш ёбад. Шариф Раҳимзода афзуд, ҳоло дар Тоҷикистон 17 корхонаи муштарак бо Узбекистон фаъол шудааст ва мутмаин аст, ки то охири соли ҷорӣ миқдори ин корхонаҳо бамаротиб бештар мешавад.

Шариф Раҳимзода.
Шариф Раҳимзода.

Раиси Кумитаи будҷа ва иқтисоди Маҷлиси намояндагон дар идома гуфт, ки ҳоло Тоҷикистон ба миқдори зиёд ба Узбекистон семент содирот мекунад ва тибқи иттилои ӯ, тоҷирони узбек мехоҳанд дар Тоҷикистон корхонаҳои сементбарорӣ бунёд кунанд.

Тибқи омори расмӣ, дар як соли охир ҳудуди 1,5 миллион тонна сементи тавлиди Тоҷикистон ба Узбекистон содирот шудааст ва ба эътиқоди коршиносон ин амр ба болоравии нархи семент дар бозори худи Тоҷикистон асар гузоштааст. Аммо, ба эътиқоди Пайрав Чоршанбиев, шореҳи иқтисодии хабаргузории "Азия Плюс", чунин афзоиши нархи семент дар бозори дохилӣ дар пайи содироти ин маҳсулот ба Узбекистон чандон муҳим нест.

Вай мегӯяд, ки ҳарду кишвар ба манзури рушди ҳамкориҳо ба гузаштҳое иқдом кардаанд ва бар ивази гази табии арзон Тоҷикистон нерӯи барқи худро ба Узбекистон бо қиммати 2 сенти амрикоӣ барои ҳар як киловат мефурӯшад.

Пайрав Чоршанбиев
Пайрав Чоршанбиев

Пайрав Чоршанбиев афзуд: "Тоҷикистон ба сармояи мустақими хориҷӣ ниёзи сахт дорад. Агар Узбекистон дар Тоҷикистон корхонаҳо бисозад, ин амр ба афзоиши ҷойи корӣ ва беҳбуди вазъи иқтисодии сокинон мунҷар мешавад. Узбекистон, ки ин корхонаҳоро ба кишвараш намебарад ва онҳо ба сурати абадӣ дар Тоҷикистон мемонанд. Мутаассифам, ки тӯли солҳои гузашта мо имкон надоштем сармоягузори Узбекистонро ба иқтисоди кишвари худ ҷалб созем."

Зимнан, дар ҷараёни ҷаласаи имрӯзи Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, раиси маҷлиси поёнии порлумони Тоҷикистон хабар дод, ки дар соли гузашта миёни Тоҷикистону Узбекистон ба маблағи 126,4 миллион доллари ИМА табодули маҳсулот сурат гирифтааст.

Ба гуфтаи вай, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ду кишвар ба маблағи 41,5 миллион доллар додугирифт кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди 2 маротиба бештар аст. Вай мӯътақид аст, ки то охири имсол мизони доду гирифти маҳсулот миёни Тоҷикистону Узбекистон ба беш аз 500 миллион доллар мерасад.

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG