Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Тошканд боҷи экологӣ барои нақлиёти сабукравро бозбинӣ мекунанд


Тоҷикистон ва Узбекистон дар заминаи шикояти шаҳрвандон аз гарон будани ҳаҷми боҷи экологӣ барои нақлиёти сабукрав бозбинии тарруфаҳоро шурӯъ кардаанд. Феълан шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур аз марзи Узбекистон бо нақлиёти шахсӣ ба гумрукчиёни ин кишвар аз 46 то 54 доллар маблағ месупоранд.

Сокинон бо пардохти ин маблағ метавонанд бо нақлиёти шахсӣ вориди Узбекистон шуда дар мӯҳлати то 30 рӯз бидуни муҷаввиз дар ин кишвар бимонанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, музокирот бо ҳамкорони узбекистонӣ барои бозбинӣ шудани ин тарруфа ҷараён дорад.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, гуфтугӯҳои онҳо дар заминаи бекор ё ҳаддиақал коҳиш додани боҷи экологӣ ҳангоми вуруди нақлиётҳои сабукрав тоза шурӯъ шудааст.

Боҷи экологӣ яке дигар аз муқаррароте буд, ки солҳои раҳбарии президенти собиқ Ислом Каримов ҷорӣ шуд ва бархе онро монеаи дигар барои ворид шудан ба хоки Узбекистон меномиданд. Баъди даргузашти Каримов дар соли 2016 президент Шавкат Мирзиёв марзҳоро бо Тоҷикистон боз, низоми раводидро бекор кард ва тамоми созишномаҳои ҳамкорӣ бо ин кишварро аз нав ба имзо расонид.

"Чаро онҳо меситонанд?"

Як мақом дар Раёсати гумруки вилояти Суғд рӯзи 27-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, аз баъзе сокинон шикоят дарёфт кардаанд, ки маблағи пардохти экологӣ ҳангоми убур аз марзи Узбакистон барояшон гарон аст. Ба қавли манбаъ, пардохти маблағи экологӣ ҳангоми ворид шудани нақлиёти сабукрави шаҳрвандони хориҷӣ дар қонунгузории Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст.

Ба ин хотир ба қавли ҳамсӯҳбати мо, гумрукчиёни тоҷик ҳангоми ворид шудани нақлиёти сабукрави шаҳрвандони Узбекистон ба Тоҷикистон аз онҳо маблағи пардохти экологӣ намеситонанд. Гумрукчиён тоҷик ба ҳамтоёни узбеки худ пешниҳод кардаанд, айни ҳамин корро карда, сабукравҳои Тоҷикистонро аз пардохти маблағи экологӣ озод намоянд.

Як гумрукчии тоҷик, ки бо далели надоштани салоҳияти сӯҳбат бо матбуот нахост исмаш бурда шавад, дар як сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Модом, ки мо аз нақлиёти шаҳрвандони онҳо маблағи экологӣ намеситонем, чаро онҳо ин маблағро мегиранд? Мо ҳоло маслиҳат карда истодаем ва бовар дорем ҳамкорони мо аз Узбекистон шаҳрвандони Тоҷикистонро аз пардохти маблағи экологӣ барои нақлиёти сабукрав озод мекунанд."

Ин мақоми Раёсати гумруки Суғд гуфт, дар гуфтугӯҳои онҳо бо мақомоти гумруки Узбекистон гузинаи дигаре низ мавриди баррасӣ қарор дорад. Ин гузина ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ ин аст, ки агар Узбекистон сабукравҳои Тоҷикистонро аз пардохти маблағи экологӣ озод накунад, эҳтимол ситонидани ин намуд пардохт аз нақлиёти Узбекистон дар марзи Тоҷикистон низ шурӯъ шавад.

Аммо мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, талош доранд ҳамкорони узбеки худро мутақоид кунанд, то бар ивази озод шудани сабукравҳои кишварашон аз пардохти боҷи экологӣ дар марзи Тоҷикистон, нақлиёти тоҷиконро низ аз пардохти ин маблағ озод кунанд.

Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, гуфтугӯҳои онҳо дар заминаи бекор ё ҳаддиақал коҳиш додани боҷи экологӣ ҳангоми вуруди нақлиётҳои сабукрав тоза шурӯъ шудааст. Дар назар аст, ки баъд аз ҷашни Наврӯз ин масъала дубора баррасӣ шуда, аз моҳи оянда дар ин самт тағйирот сурат бигирад.

"Таксии Узбекистон арзонтар ё худрави шахсӣ?"

Мақомоти тоҷику узбек дар ҳоле ба баррасии масъалаи бекор кардани маблағи пардохти экологӣ барои нақлиёти сабукрав шурӯъ кардаанд, ки сокинони Тоҷикистон муддати 10 рӯз аст, ки бидуни раводид ба қаламрави Узбекистон сафар мекунанд. Сокинон бештар барои дидорбинии наздикони худ ва ҳамчунин боздид аз маконҳои таърихии Узбекистон ба ин кишвар сафар мекунанд.

Аз рӯи аксҳое, ки ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаанд, дида мешавад, ки сабукравҳои тоҷикон дар кӯчаҳои Узбекистон ва нақлиётҳои узбекон дар кӯчаҳои Тоҷикистон гаштугузор доранд. Аллакай баъзе аз ширкатҳои кирокаш дар Тоҷикистон ба интиқоли мусофирон ба Узбекистон шуруъ кардаанд. Масъулини ширкатҳои кирокашии тоҷик мегӯянд, онҳо низ барои ҳар нақлиёти сабукравашон, ки вориди қаламрави Узбекистон мешавад ҳудуди 50 доллар месупоранд. Ин маблағ ба қавли намояндагони ширкатҳои кирокашӣ, ба қиммати роҳкиро изофа мешавад. Инчунин дар назар аст, ки аз 1 апрели имсол ҳаракати мусофирбарҳои ширкати “Asian Express” ба шаш шаҳри Узбекистон оғоз шавад.

Ин шабу рӯзҳо гузаргоҳҳои марзии Тоҷикистону Узбекистон хеле серодам мебошанд. Сокинон, ки ба қавли худашон ин рӯзҳоро солҳо интизор буданд, барои дидорбинии наздикони худ шитоб доранд. Баъзе аз ҳамсуҳбатони мо бо назардошти мушкилоти фаровони солҳои қабл байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз ҳамроҳони худ суол мекарданд, ки оё воқеан онҳоро мегузоранд бидуни раводид ба он тарафи марз гузаранд?

Аммо аксари онҳое, ки аз Тоҷикистон ба Узбекистон мехостанд гузаранд, бидуни нақлиёти шахсӣ ба гузаргоҳҳо омада буданд. Сокинон мегӯянд, бо мавҷуд будани маблағи экологӣ дар марзи Узбекистон пиёда ба он тарафи марз гузаштанро авлотар медонанд. Дар хоки Узбекистон аз хадамоти таксиҳои ин кишвар истифода кунанд.

"Ман баъди ним соат дар хонаи тағоям мешавам"

Давронбой Наҷмиддинов аз ҷумлаи онҳое аст, ки мегӯяд, муддати 23 соли ахир наздикони худ дар Узбекистонро надидааст. Наҷмиддинов сокини шаҳри Ваҳдат буда, рӯзи 27-уми март ҳамроҳ бо ҳамсар ва хоҳараш ба гузагоҳи “Саразм-Ҷартеппа” омада буд, то ба марзи Узбекистон гузарад. Давронбой, ки саросема бо мо сӯҳбат мекард гуфт, манзили наздикони ӯ дар деҳаи наздимарзӣ ҷойгир шудааст ва "насиб бошад баъд аз ним соат" дар хонаи тағояш мешавад.

Ин сокини шаҳри Ваҳдат бо ёдоварӣ аз монеаҳои солҳои қабл дар марзи Узбекистон мегӯяд, "пештар роҳи Панҷакент боз набуд, боз виза даркор буд. Барои виза гирифтан бояд аввал аз Узбекистон телеграмма равон мекарданд, сафорат рафта навбат мегирифтем, анкета пур кардан даркор буд. Хулоса, сарсонии зиёд доштем. Ба ин хотир, аз соли 1995 дигар на мо рафта тавонистем, на тағоҳоям ба хабаргирии мо омаданд. Дар ин вақт тағоям аз дунё гузаштанд ва ҳоло рафта дар сари қабрашон фотеҳа мехонем."

"Раводид-деворе, ки баъди 18 сол шикаста шуд"

Тавсеаи имкониятҳои кор ва ҳам ҳаракати автобусҳои мусофирбар миёни ду ҳамсоя баъди он имконпазир шуд, ки рӯзи 16-уми март Узбекистон ва 19-уми март Тоҷикистон марзро ба рӯи шаҳрвандони якдигар боз карданд. Ҳоло сокинони ду кишвар бо шиносномаҳои хориҷӣ метавонанд, дар фурсати то 30 рӯз бидуни виза ба хоки якдигар ворид шаванд.

Равуои бидуни монеа ба қаламрави Тоҷикистону Узбекистон пеш аз ҳама ба онҳое муҳим буд, ки дар кишвари ҳамсоя хешутабор доранд. Инчунин, барои онҳое зарур аст, ки бо ҳадафи кор, мисли тиҷорат ва ё муроҷиат ба баъзе сафоратҳо, бояд ба кишвари ҳамсоя раванд.

Низоми виза ё раводид миёни Тошканду Душанбе соли 2000-ум ва бо ташаббуси Ислом Каримов, президенти собиқи Узбекистон, ҷорӣ шуд. Он замон Тошканд гуфта буд, ки бо нигаронӣ аз таҳдидҳои амниятӣ баста шудани марзро зарур мешуморад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG