Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи маҳофили коршиносӣ аз натоиҷи сафари Мирзиёев ба Тоҷикистон


Таҳлилгарони тоҷик аз натиҷаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон ва имзои 27 созишномаи ҳамкорӣ миёни Душанбе ва Тошканд, истиқбол мекунанд.

Аксари ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ музокироти руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёвро ҳодисаи таърихӣ унвон мекунанд ва мегӯянд, ин таҳаввулот пеш аз ҳама ба манфиати ҳарду кишвар мебошад.

Яке аз тавофуқоти калидии сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон лағви сафари бидуни раводид ба кишварҳои якдигар ба муддати 30 рӯз мебошад.

Бархе ин ҳодисаро “тақдирсоз” унвон кардаанд. Дар миёни дастовардҳои муҳими музокироти баландпоя -- лағви раводиди сафар барои будубоши 30-рӯза ва роҳандозии савдои наздимарзии молу маҳсулот гуфта мешавад.

Аҳамияти минтақавии ин сафар

Абдумалик Қодиров, таҳлилгари масоили сиёсӣ тавофуқоти ҳосилшуда миёни раҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистонро на танҳо ба манфиати ҳарду кишвари ҳамсоя, балки барои рушди минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард. Ба гуфтаи ҷаноби Қодиров, бахусус дар Тоҷикистон нафаре нест, ки тавофуқи Тоҷикистон ва Узбекистонро манфӣ қабул карда бошад.

Абдулмалик Қодиров.
Абдулмалик Қодиров.

Ба ақидаи вай, ҳатто мунтақидони асосии президент Раҳмон ҳам ин иқдомро бо хушнудӣ қабул карданд ва ин муваффаққиятро дастгирӣ мекунанд. Ҷаноби Қодиров дар робита ба самимияти Тоҷикистон ва Узбекистон гуфт, "он чӣ дар Узбекистон дар ин авохир иттифоқ афтод, гуфтору рафтори Мирзиёев ба ҳам рост меояд. Ва воқеан Мирзиёев ҳар чӣ карда истодааст, самимӣ карда истодааст ва ба хубӣ дарк мекунад, ки худи Узбекистон бе муносибатҳои ҳасана бо ҳамсоякишварҳо наметавонад тараққӣ кунад."

Қодиров муътақид аст, ки дар пайи муносибати ҳасана миёни Узбекистон бо ҳамсоякишварҳо марзҳои Тоҷикистону Узбекистону Қирғизистону Қазоқистон боз ва на танҳо рафту омад, балки равобити тиҷоратӣ густариш пайдо мекунад.

Иқдоми ахир имкон медиҳад, ки Узбекистон барои молҳои худ бозорҳои наверо дар минтақа кашф кунад ва аз сӯи дигар, бо боз шудани марзҳо ҷаҳонгардӣ ё саёҳат ба маконҳои таърихии Узбекистон тақвият меёбад. Ба хусус, тоҷикон ватанҳои бобоияшон -- Самарқанду Бухороро дӯст медоранд ва мехоҳанд онҷоро зиёрат кунанд.

Дар қибол Тоҷикистон метавонад аз роҳҳои заминиву ҳавоӣ ва роҳи қатор тариқи Тошканд ба дигар кишварҳои ҷаҳон истифода хоҳад кард ва албатта ин ҳама бо нархи арзон ба даст хоҳад омад. Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон то ҷое дар инзивои иртиботӣ қарор дорад ва сафари ҳазорҳо шаҳрванди муҳоҷираш ба дигар кишварҳо, ба хусус Русия бо маблағи ҳангуфт тамом мешавад.

"Орзуи дерина"-и Зоиров

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.
Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон.

Раҳматулло Зоиров, раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон низ бо тақдирсоз хондани сафари Шавкат Мирзиёев барои мардуми ҳар ду кишвар дар изҳороте инро “орзуи деринаи ӯ” ва “на танҳо Ҳизби сосиал-демократ, балки аксарияти мардуми ҳам Тоҷикистону ҳам Узбекистон ба хотири таъмини заминаву асосҳои ҳуқуқӣ ва воқеии ҳамкорӣ ва рушди равобити ду кишвар” донистааст

Яке аз тавофуқоти калидии сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон кӯмак дар бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” аст. Тарҳе, ки дар аҳди Ислом Каримов Узбекистон ҳамеша ба сохтмони он мухолиф буд.

Аз нақши мухолиф то ҳамкор дар бунёди нерӯгоҳи "Роғун"

Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик.
Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик.

Аммо Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари тоҷик муътақид аст, ки Узбекистон бечуну чаро алоқаманди бунёди ин неругоҳ аст ва албатта ин тарҳ ба манфиати минтақа хоҳад буд.

Рашид Абдулло дар як сӯҳбати қаблиаш ба Радиои Озодӣ гуфт:

“Муҳим ин аст, ки дар гузашта тарҳи нерӯгоҳи Роғун дар пажӯҳишгоҳҳои шӯравии воқеъ дар Тошканд таҳия шуда буданд. Ба ин тартиб, Узбекистон аз суду зарари ин нерӯгоҳ ба хубӣ иттилоъ дорад. Ин худ заминае хубест барои ҳамкории ду кишвар дар тарҳи нерӯгоҳи Роғун".

Аммо сафари “таърихӣ”-и Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон дар шароите иттифоқ меафтад, ки бозигари аслӣ - Русия, ки ҳам Тоҷикистон ва ҳатто Узбекистон вобастаи ин абарқудрат ҳастанд, аз натоиҷи сафар ва тавофуқоти миёни ду кишвари ҳамсоя чӣ назаре дорад? Суоли Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси тоҷик низ ин аст, ки “Оё наздикшавии Тоҷикистону Узбекистон Русияро қаноатманд мекунад ё хайр?!.

​Хонум Бобоназарова мегӯяд: "Вақт нишон медиҳад, ки Русия ба ин тавофуқот чӣ гуна муносибат мекунад. Чун мо медонем, ки Русия дар Осиёи Миёна мавқеи махсус дорад. Ҳоло дар Русия замони интихобот аст ва Путин бо ин масъалаҳо банд аст. Баъд хоҳем дид, ки чӣ мешавад. То кадом дараҷа муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон, ки ҳоло таҳким меёбад, идома хоҳанд кард? Роли Русия хеле муҳим аст. Албатта мо хоҳони онем, ки Русия ба тавофуқоти Тоҷикистону Узбекистон назари нек кунад. Аммо онҳо низ манфиатҳои геополитикӣ доранд. Бубинем, дурнамо чӣ мешавад. Аммо шахсан ман аз тавофуқоти ба дастомада миёни Тоҷикистон ва Узбекистон хеле хушҳолам."

Ойниҳол Бобоназарова.
Ойниҳол Бобоназарова.

Ҳамзамон бештари таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Шавкат Мирзиёев дар тасмимгириҳои худ худ мустақил аст ва ба Тоҷикистон ҳам назари нек дорад. Дар чанд рӯзи ахир ҳудуди даҳ гузаргоҳи марзӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон боз шуд, ки шодии сокинони ҳар ду кишвар ҳадлду канор надошт Муддати ду даҳсола ин ду кишвари ҳамсоя дар танҳоӣ ба сар мебурданд ва кор ба ҷое расид, ки баъзеҳо, волидайн аз фарзандон дур шуданд.

Таҳлилгарон мегӯянд, таъкиди Мирзиёев ба тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ на танҳо як иқдоми хуб, бакли зарурати замон аст. Ҳама ҷонибҳо дарк мекунанд, ки бидуни пешрафтҳои иқтисодӣ ва инзивои тиҷоратӣ кишварҳои алоҳида ва дар маҷмӯъ минтақа пеш рафта наметавонад. Пешрафти иқтисодӣ гарави дигари суботи амниятӣ ва сиёсӣ аст, ки аз он ҳама ҷонибҳо манфиат мебинанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG