Пайвандҳои дастрасӣ

Як боғи Душанбе номи Алишер Навоиро гирифт


Дар остонаи сафари раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон, як боғ дар шаҳри Душанбе ба исми асосгузори адабиёти классикии узбек Низомиддин Алишер Навоӣ номгузорӣ шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ҳадаф аз ин номгузориро "рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистон ва Узбекистон" унвон кардааст.

Дар амри президент Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 5-уми март имзо шуд, омадааст, ки боғи "50-солагии ҷавонон" воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба "Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ шавад. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамзамон ба шаҳрдории Душанбе дастур додааст, барои таҳияи лоиҳаи муҷассамаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ озмун эълон намояд.

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, раиси МН Шукурҷон Зуҳуров ва сарвазир Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.

Дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи табдили исми боғе ба номи Алишер Навоӣ дар ҳоле содир мешавад, ки ахиран мақомоти шаҳри Самарқанди Узбекистон гуфта буданд, ки муҷассамаҳои Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ дар маркази ин шаҳр бунёд мешавад.

Инчунин, дар моҳи декабри соли гузашта бо дастури мақомоти вилояти Тошканди Узбекистон, яке аз истгоҳҳои нави метро ба нишони ҳусни ният ва дӯстӣ, ба номи шоири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода гузошта шуда буд.

Табдили номи боғи "50-солагии ҷавонон" ба "Низомиддин Алишер Навоӣ" дар остонаи сафари Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон ба Тоҷикистон сурат мегирад. Қарор аст, Мирзиёев рӯзи 9-уми март бо як сафари дурӯза вориди Тоҷикистон шавад.

Тоҷирони Узбекистон ба Душанбе расиданд

Як қисми бузурги бозаргонон ва тоҷирон Узбекистон барои иштирок дар Намоишгоҳи молу маҳсулоти он кишвар ба Душанбе расиданд. Ҳавопаймои ширкати "Узбекистон ҳаво йуллари" бо тоҷирони узбекистонӣ субҳи 6-уми март ба Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе расид.

Сафари бозаргонон ва тоҷирони Узбекистон дар доираи сафари Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар сурат мегирад. Гурӯҳи дигари бозаргонҳо ва тоҷирон дар наздиктарин фурсат ба Душанбе мерасанд. Худи Шавкат Мирзиёев рӯзи 9-уми март ба Душанбе меояд.

Фаррух Маҳмадқулов, як тоҷири узбекистонӣ ва намояндаи ширкати "Мараканд фуд продукт" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин намоишгоҳ 400 нафар аз ширкатҳои мухталифи истеҳсолии Узбекистон ширкат хоҳанд кард. Ӯ умедворӣ кард, ки дар пайи беҳбуди равобити сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон, равобити тиҷоратӣ низ миёни ду кишвар боз ҳам беҳбуд хоҳад ёфт.

Барномаи сафари Мирзиёев маълум шуд

Дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев бо ҳамтои тоҷикаш Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва Сарвазир Қоҳир Расулзода мулоқот хоҳад кард.

Хабаргузории “Азия-плюс” аз қавли манобеаш дар ҳукумати Тоҷикистон навиштааст, маросими истиқболи расмӣ аз Шавкат Мирзиёев пеш аз зуҳри 9-уми март дар "Қасри Миллат" баргузор шуда, баъдан президентҳои ду кишвар дар доираи мулоқоти як ба як бо ҳам дидор хоҳанд дошт.

Ба қавли манбаъ, баъд аз анҷоми мулоқоти як ба як, мулоқоти ҳайатҳои ду кишвар баргузор мешавад. Баъд аз анҷоми ин мулоқот маросими баимзорасии созишномаҳои ду ҷониба миёни Узбекистон ва Тоҷикистон сурат мегирад. Дар назар аст, ки миёни ду кишвар зиёда аз 20 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расад. Баъд аз маросими баимзорасӣ, руасои ду кишвар бо изҳороти матбуотӣ дар назди намояндагони ВАО баромад хоҳанд кард.

Дар назар аст, ки Шавкат Мирзиёев дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузорад. Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар қисмати ниҳоии Форуми иқтисодии Тоҷикстону Узбекистон иштирок мекунанд, ки дар Кохи “Истиқлол” баргузор мешавад. Баъд аз ин руасои Тоҷикистон ва Узбекистон дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи молу маҳсулоти Узбекистон дар Душанбе иштирок мекунанд, ки дар толори варзишии назди Варзишгоҳи марказии Душанбе доир мешавад.

Шоми 9-уми март дар Кохи Борбад таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” консерти бузург бо иштироки ҳунармандони тоҷику узбек баргузор мегардад. Дар назар аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ва ҳайатҳои дипломатии ду кишвар дар ин консерт иштирок намоянд.

Ба навиштаи хабаргузории “Азия-плюс”, дар қисмати аввали рӯзи 10-уми март Шавкат Мирзиёев бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар дидору мулоқот анҷом диҳад. Сафари Шавкат Мирзиёев дар қисмати дуюми рӯзи 10-уми март ба анҷом мерасад ва ӯ ба Тошканд бармегардад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG