Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хисороти маънавӣ-и Алмосбек Отамбоев эҳтимол ҷуброн намешавад


Қаҳрамонҳои қазияи "Заноза"
Қаҳрамонҳои қазияи "Заноза"

Додгоҳи олии Қирғизистон парвандаи пардохти ҷуброн ба президенти пешини ин кишварро Алмосбек Отамбоевро барои бозбинӣ баргардонд.

Пештар додгоҳ ҳаммуассиси сомонаи "Zanoza" Дина Масловаро вазифадор карда буд, ки ба Отамбоев ҷуброн пардозад. Дар ин бора аз Додгоҳи олии Қирғизистон хабар доданд.

Рӯзи 19 апрел додгоҳи мазкур чунин як парвандаи дигарро, ки нисбати вакили пешини порлумон Чолпон Ҷакупов боз шуда буд, ба бозбинӣ фиристод.

Дар гузашта додгоҳи ноҳиявӣ ва шаҳрии Бишкек ба Чолпон Ҷакупов, муассисони сомонаи Zanoza.kg Дина Маслова ва Норин Айип иҷозат надоданд, маблағи ҷубронро, ки 9 миллион сом аст, марҳила ба марҳила пардохт кунанд.

Моҳи марти соли 2017 додситони кулли ҳамакнун пешин Индира Ҷолдубоева дар пайи нашри як матлаб дар сомонаи Zanoza.kg ба додгоҳ панҷ шикоят бурд ва дар маҷмуъ ба фоидаи президенти вақти Қирғизистон Алмосбек Отамбоев 27 миллион сом (бештар аз 397 ҳазор доллар) ҷуброни маънавӣ талаб кард. Додситон аз Чолпон Ҷакупов ва ду вакили дифои Омурбек Текебоев 13 миллион соми дигар ҷуброн талаб карда буд. Додгоҳи олӣ 30 ноябр се даъвои Ҷолдубоеваро қонеъ кард. Додситонии кул дар ҳамаи баҳсҳои додгоҳӣ пирӯз шуда буд.

XS
SM
MD
LG