Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТЕСС ба ҷустуҷӯи "бародарони" курраи Замин рафт


Мушаки Фалкон, ТЕСС-ро ба кайҳон бурд
Мушаки Фалкон, ТЕСС-ро ба кайҳон бурд

НАСА, Оҷонси кайҳоншиносии Амрико фазонавардеро ба кайҳон партоб кард, ки ҳадафи он пайдо кардани сайёраҳои нав дар хориҷ аз манзумаи офтобист.

Фазонаварди 337-миллиондолларӣ бо номи ТЕСС рӯзи 18-уми апрел партоб шуд ва сайёраҳоеро ҷустӯҷу мекунад, ки имкони зиндагӣ дар онҳо вуҷуд дошта бошад.

ТЕСС атрофи ситораҳои дурахшонро таҳқиқ мекунад ва, қарор аст ҳазорон саёра пайдо кунад. Дар сурати пайдо шудани сайёраҳои шабеҳи замин барои таҳқиқи онҳо фазонавардҳои бузургтару қавитарро мефиристанд, то маълум кунанд, ки онҷо об ё таркиби зиндае вуҷуд дорад, ё не.

XS
SM
MD
LG