Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Нозир"-и амният аз телевизиони Узбекистон барканор шуд


Абдусалом Шодмонови 44-сола, ки ба ҳайси муовини раиси Ширкати миллии радио ва телевизиони Узбекистон дар умури масоили амният фаъолият мекард, аз мақом барканор шуд. Шодмоновро 6 апрел аз мақом барканор карданд. "Назорати умумӣ" ва ба кор пазируфтану аз кор озод кардани кормандон дар салоҳияти Шодмонов буд.

Баъди аз кор озод шудани Шодмонов вазифаи мазкур низ барҳам дода шудааст. "Ин вазифа ҳамчуноне, ки пештар дар Идораи динии мусалмонони Узбекистон барҳам дода шуда буд, акнун дар Ширкати миллии радио ва телевизион низ аз байн бурда шуд", - гуфт як манбаи огоҳ аз қазия.

Малоҳат Эшонқулова, як хабарнигори собиқадори телевизиони Узбекистон мегӯяд, зери назорати Шодмонов дар телевизионҳо барномаҳои махсус зидди "намояндагони мухолифин, диндорон ва мансабдороне, ки ба фасодкорӣ айбдор шудаанд", омода мегардид.

XS
SM
MD
LG