Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ихроҷ шудани донишҷӯёни туркман аз донишгоҳи тиббии Белорус


Донишгоҳи тиббии Ҳомели Беларусия

Донишҷӯёни туркмани Донишгоҳи тиббии Белорус ба далели он ки бонкҳои Туркманистон пули таҳсили онҳоро интиқол намедиҳанд, эҳтимол аз донишгоҳ ихроҷ мешаванд.

"Мо пули таҳсилро ба воситаи бонке дар Туркманистон 20 феврал супоридаем, вале бонк то ҳол ин пулро ба ҳисоби донишгоҳи Белорус нагузарондааст. Маъмурияти донишгоҳ ба мо то 1 апрел муҳлат дод. Рӯзи ҷумъа моро ихроҷ хоҳанд кард", - гуфт як донишҷӯи туркман.

Ӯ мегӯяд, онҳо наметавонанд бо бонкҳои Туркманистон тамос гиранд ва сафорати кишварашон дар шаҳри Минск низ ба онҳо кӯмак намекунад.

"Сафир мегӯяд, мо мушкилро бояд худамон ҳал кунем. Мо беш аз 40 нафарем. Дар миёни мо афроде низ ҳастанд, ки баъд аз се моҳ донишгоҳро хатм мекунанд. Вале азбаскӣ пули онҳо ба ҳисоби донишгоҳ нагузаштааст, онҳоро низ ихроҷ мекунанд", - изҳор дошт як донишҷӯдухтари туркман, ки нахост номаш ифшо шавад.

Ба гуфтаи ин донишҷӯи туркман, волидон 2 ҳазордолларӣ пули таҳсилро ба бонкҳои тиҷоратии "Халқ бонк" ва "Дайхон бонк" супоридаанд. Талошҳои Хабаргузории Осиёи Марказӣ низ барои дарёфти назари маъмурияти бонкҳо дар ин бобат бенатиҷа буд. Ҳамчунин сафорати Туркманистон дар Минск низ аз шарҳи қазия худдорӣ карда, гуфт, дар ин бора чизе намедонанд.

Видеоҳои охирин

Бархӯрди мотосиклҳо ҳангоми ҷашни Рӯзи Бастилия дар Фаронса
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG