Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ: "Исроилиҳо ҳаққи зиндагии осоишта дар сарзаминашонро доранд"


Валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон
Валиаҳди Саудӣ Муҳаммад бин Салмон

Шоҳзодаи валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон гуфт, сокинони Исроил ҳақ доранд, ки дар сарзамини худ осоишта зиндагӣ кунанд. Ӯ ин нуктаро дар посух ба суоли нашрияи амрикоии The Atlantic баён дошт.

Ба гуфтаи шоҳзода, фаластиниҳо низ аз ин ҳақ бархурдоранд ва бинобар ин, имзои созишномаи сулҳ миёни ҷонибҳои даргири Ховари Миёна зарур аст.

Арабистони Саудӣ расман Исроилро эътироф намекунад ва бо ин кишвар муносибат низ надорад. Вале вақтҳои ахир дар сиёсатҳои Риёз дар робита ба ҳамкорӣ бо Тел-Авив гардишҳое мушоҳида мешавад. Нозирони умур мегӯянд, тақвияти мавқеи Эрон дар минтақа Исроилу Арабистони Саудиро ба ҳам овардааст.

Муҳаммад бин Салмон дар суҳбат бо The Atlantic афзуд, "агар Исроил тавонад бо фаластиниҳо сулҳ кунад, пас Тел-Авив ва кишварҳои Халиҷи Форс манфиатҳои ҳамсони зиёде хоҳанд дошт".

Ба иттилои хабаргузории Reuters, Арабистони Саудӣ аз талошҳои Кохи сафед, ки дар ҳоли ҳозир, равиши нави ҳалли низоъ дар Ховари Миёнаро коркард дорад, ҷонибдорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG