Беш аз 1200 муҳоҷири кории Амрикои Марказӣ бо убур кардани Мексика мехоҳанд худро ба марзҳои ИМА расонанд. Бахши умдаи онҳо шаҳрвандони Гондурас мебошанд, ки аз бесуботии сиёсӣ дар ватани худ фирор мекунанд. Раҳпаймоии 3200 километрӣ рӯзи 25 март аз шаҳри Тапачула, воқеъ дар марзи Гватемала оғоз шуд. Дар хотимаи ин раҳпаймоӣ баъзе иштирокдорони "Корвони муҳоҷирон" талош мекунанд, ки дар ИМА паноҳгох ёбанд ва бархе ҳам ба таври ғайриқонунӣ ба ин кишвар ворид шаванд.
Сарфи назар аз даъвати президенти ИМА Доналд Трамп аз Мексика барои нигаҳ доштани мавҷи муҳоҷират, мақомоти маҳаллӣ ба онҳо таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд ва аз ҷумла нақлиёт медиҳанд. Ба гуфтаи яке аз иштирокдорони раҳпаймоӣ ин таваҷҷӯҳ беғаразона буда, мизбонҳо мехоҳанд, ки меҳмонон ҳарчӣ зудтар аз шаҳри онҳо хориҷ шаванд.
Гуфта мешавад, ки фишори Трамп ба Мексика метавонад муассир бошад ва ҳукумати марказиро маҷбур кунад, ки "корвон"-ро боздорад. "Мексика бояд ба вуруди саросарии муҳоҷирон ва маводи мухаддир ба Амрико хотима гузорад, вагарна ман ба созиши тиҷоратии NAFTA, ки ба Мексика фоидаи ҳангуфт меорад, хотима мегузорам",- навиштааст Доналд Трамп дар твиттер.