Як сокини ноҳияи Спитамен ба гумони куштани бародараш боздошт шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 2-юми апрел иттилоъ дод, ки ҳодиса шаби 31-уми март рух додааст. Ба иттилои манбаъ, ин сокини 51-солаи ҷамоати Тағояк ба манзизи бародари 47-солааш рафта, бо ӯ муноқиша намуда ва тариқи бӯғӣ ӯро куштааст. Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир алайҳи ин сокини ноҳияи Спитамен бар пояи моддаи 104, қисми 1 парвандаи ҷиноятӣ боз шуда ва тафтишот ҷараён дорад.