Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксҳои нодир аз мамнуъгоҳи “Хуталон” дар Данғара

Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон рӯзи 1-уми апрел чанд акси нодир аз мамнуъгоҳи “Хуталон” дар ноҳияи Данғараро нашр кард. Манбаъ гуфт, ки дар ин рӯз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ ба мамнуъгоҳ рафта буд.
Мамнуъгоҳи “Хуталон” дар 6 ҳазор гектар замини ноҳияи Данғара, зодгоҳи президенти Тоҷикистон, ҷойгир аст. Мақомот мегӯянд, дар мамнуъгоҳ садҳо паррандаву чорвои нодир, аз ҷумла оҳуи холдор, гавазни бухорӣ, муфлон ва тазарв парвариш мешаванд. Феълан дар ин мамнуъгоҳ беш аз 500 оҳуи холдор нигаҳдорӣ мешавад.
Қарор аст, дар ноҳияи Данғара боз ду мамнуъгоҳ дар ҳудуди 22 ҳазор гектар замин ташкил шавад.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG