Сардор Бердимуҳаммадов – писари раиси ҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов – муовини вазири умури хориҷии он кишвар таъйин шудааст. Хабари расмӣ дар ин бора рӯзи 30-юми март нашр гардид.
Аз ин пеш расонаҳои давлатии Туркманистон хабар доданд, ки писари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов бо дарёфти 91 дарсади раъйи сокинон дубора вакили порлумон интихоб шуд. Ин раъйдиҳӣ рӯзи 25-уми марти имсол сурат гирифт.
Сардор Бердимуҳаммадови 36-сола бори аввал моҳи ноябри соли 2016 ворид порлумон шуд. Баъди чанде раёсати кумитаи оид ба қонунгузории порлумонро бар уҳда гирифт.
Раиси ҷумҳури Туркманистон моҳи октябри соли 2017 писарашро барои хидмат ба ватан бо медал қадрдонӣ кард. Ин медал номи Маликгулӣ Бердимуҳаммадов, падари Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро дорад.