Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳороти раҳбарони Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса зидди Русия


Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса гуфтанд, заҳролудшавии афсари пешини рус Сергей Скрипал нахустин ҳолати истифодаи маводи фалаҷкунандаи мағзи сар дар Аврупо баъд аз Ҷанги ҷаҳонии дувум аст.

Кишварҳои чаҳоргона дар изҳороти муштараки худ ҳодисаро як навъи ҳамла ба соҳибихтиёрии шоҳигарӣ номида, гуфтанд, масъулияти он бар зиммаи Русия аст.

Дар изҳорот бори дигар зикр шудааст, ки Русия Конвенсияи манъи силоҳи кимиёиро нақз кард. Раҳбарони Бритониё, ИМА, Олмон ва Фаронса аз Москва хостанд, дар бораи маводи "Новичок", ки Скрипал ва духтараш аз он заҳролуд шудаанд, ба Оҷонсии манъи силоҳи кимиёӣ маълумот диҳад.

Сарвазири Бритониё Тереза Мэй 14 март Русияро расман дар заҳролудшавии Скрипал айбдор карда, гуфт, 23 дипломати русро аз кишвараш ихроҷ мекунад. Аз ин иқдом маъмурияти президенти ИМА низ ҷонибдорӣ кард. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, онҳо низ дипломатҳои Бритониёро ихроҷ мекунанд. Вале маълум нест, ки чанд дипломати бритониёӣ ва кай Русияро тарк хоҳанд кард.

Сергей Скрипал ва духтараш Юлияро 4 март дар Бритониё бо нишонаҳои заҳролудшавӣ аз маводи фалаҷкунандаи мағзи сар пайдо карда буданд. Афсари пешини рус чанд ҳафта пеш аз ҳодиса ба пулиси Бритониё гуфта буд, ки нисбат ба амнияти худ нигарон аст.

XS
SM
MD
LG