Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муаррифии "Маркази дастгирии Ғарм"


Tajik president' picture in a board in Gharm district
Tajik president' picture in a board in Gharm district

Субҳи сешанбеи 20-уми феврал дар маркази ноҳияи Рашт маросими муаррифии фаъолияти созмони “Маркази дастгирии Ғарм” баргузор шуд. Хабарнигорони Радиои Озодӣ, ки дар маросими муаррифии ин марказ ширкат доранд, иттилоъ доданд, ки ин маросим бо ширкати Туула Юрёла, раҳбари дафтари Барномаҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва раҳбарони ноҳияи Ғарм ва мақомоти интизомии ин минтақа ва хабарнигорон сурат гирфт.

Ин марказ як соли пеш дар маркази шаҳраки Ғарм таъсис шуд ва ҳадафи он, пуштибонӣ аз ҳуқуқи занони минтақа арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин тарғиби арзишҳои алайҳи террористӣ ва ифротгароӣ аз дигар бахшҳои фаъолияти марказ гуфта мешавад. Марказ бо кӯмаки молии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо таъсис шуда, харҷи солонаи он 12 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо барои фаъолияти муассири ин марказ ҳама таҷҳизоти зарурӣ, аз ҷумла компютер ва дастгоҳҳои дӯзандагиро фароҳам кардааст. Танҳо соли гузашта ба ҳудуди 15 ҳазор сокинони минтақаи Рашт кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва машваратии ройгон ироа кардааст.

Соли гузашта ҳамчунин 100 нафар мардҳои Рашт ба ин марказ барои дарёфти кӯмакҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ муроҷиат кардаанд. Дар марказ ҳудуди 10 нафар бо шумули раҳбарият, устодон - тренерон, ҳуқуқдонҳо ва равоншиносон фаъолият мекунанд.

Занону духтарон дар ин давраҳо бештар дӯзандагӣ ва умури тиҷорат, яъне бизнеси кӯчак ва кӯмакҳои пизишкиро аз бар мекунанд. ранд. Ҳамчунин соли гузашта 8 тан аз хатмкардаҳои давраҳои омузишии ин марказ ба донишгоҳҳо дохил шуда, 30 тани дигар аз занону духтарон дар минтақаи Рашт ҷойи корӣ пайдо кардаанд.

Ба гуфтаи Матлуба Раҷабалиева, раҳбари “Маркази дастгирии Ғарм” дар пайи фаъолияти ин марказ занону духтарони ҷавони минтақа ба таҳсил алоқаманд гардиданд ва ба донишгоҳҳои кишвар рӯ овардаанд. Дар ҳоле, ки ба гуфтаи вай солҳои пеш духтарон пас аз хатми синфи 9-ум таҳсилро тарк мекарданд ва хонанишин мешуданд ва ё зуд ба шавҳар мебаромаданд.

Муҳимтарин вазифаи марказ аз бӯҳрони иҷтимоӣ ва равонӣ берун кардани занон ва ҳидояти онҳо ба зиндагии созанда аст. Маҳз дар гузашта минтақа ҷангзада будани Рашт, занонро ба мушкили равонӣ ва иҷтимоӣ гирифтор кардааст.

XS
SM
MD
LG