Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси Исроил Натаняҳуро ба фасодкорӣ муттаҳам мекунад


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Пулиси Исроил тавсия додааст, ки алайҳи нахуствазири ин кишвар Бинямин Нетаняҳу бо ҷурми фасодкорӣ айб эълом карда шавад. Натиҷаҳои ду санҷиши пулис муайян кардаанд, ки сарвазир барои дастгирияш аз соҳибкорон ба маблағи беш аз як миллион шекел (пули исроилӣ) туҳфа гирифтааст.

Нетаняҳу ҳамчунин барнома дошт, бо муассиси нашрияи "Едиот Ахронот" Арнон Мозес созиш кунад. Сарвазир пешниҳод кардааст, ки бар ивази матлабҳои мусбат дар бораи худ ба нашрия дар муборизаҳо зидди рақиби асосияш - рӯзномаи "Исраэл Хайом" кумак мекунад.

Нетаняҳу чанде қабл дар як паёмаш ба шаҳрвандони Исроил гуфт, ки кори ғайриқонуниеро анҷом надодааст.

Моҳи декабри соли гузашта ҳудуди 20 ҳазор сокини Исроил дар як тазоҳуроти зиддикоррупсионӣ дар шаҳри Тел-Авив иштирок алайҳи қонуне, ки Нетаняҳуро аз тафтишоту ҷавобгарӣ эмин медорад, эътироз карданд. Сухан дар бораи қонуне меравад, ки дасти пулисро дар тавсияи эълони ҷурм алайҳи давлатдорон кӯтоҳ мекунад

XS
SM
MD
LG