Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳофизи Ислом Каримов аз мақоми раиси Кумитаи гумрук барканор шуд


Нишасти Кумитаи гумруки Узбекистон
Нишасти Кумитаи гумруки Узбекистон

Сармуҳофизи президенти пешини Узбекистон Ислом Каримов дар чаҳорчӯби таконҳои ахири президент Шавкат Мирзиёев рӯзи гузашта аз мақоми раиси Кумитаи давлатии гумруки Узбекистон барканор шуд.

Муидҷон Тоҳирии 54-сола моҳи декабри соли 2016 раҳбари Кумитаи гумруки Узбекистон таъйин шуда буд.

Ӯ солҳои 2006-2008 ва аз соли 2011 то 2016 муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбекистон ва раҳбари муҳофизони Ислом Каримов буд. Тоҳириро дар ин мақом Муродҷон Азимов, муовини додситони кулли Узбекистон иваз кард.

Барканории раиси Кумитаи гумрук ба дунболи санҷиши густарда дар ин идора ва Кумитаи андоз сурат гирифт. 13-уми феврал бархе аз манбаъҳои огоҳ гуфтанд, дар ин ду кумита ҳуҷҷатҳои зиёде ошкор шудааст, ки аз қонуншиканиҳои андозу гумрук шаҳодат медиҳанд.

XS
SM
MD
LG