Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи задухӯрди нерӯҳои Асад ва эътилофи ИМА дар Сурия


Таркишҳо дар марзи Сурия бо Туркия
Таркишҳо дар марзи Сурия бо Туркия

Дар наздикии рӯдхонаи Фуроти вилояти Дайр-уз-Зури Сурия задухӯрдҳо миёни нирӯҳои президент Башор Асад ва эътилофи зиддитеррористии ба раҳбарии ИМА идома доранд.

Рӯзи 7 феврал дар онҷо дар натиҷаи зарбаҳои ҳавоии ИМА садҳо ҷонибдори режими Асад кушта шуданд. Дар миёни онҳо шаҳрвандони Русия аз гуруҳи низомии хусусии "Вагнер" низ буданд.

Рӯзи сешанбе иттилое пахзш шуд, ки 10 феврал дар наздикии рӯдхонаи Фурот тонки Т-72 мавриди ҳадаф қарор гирифтааст. Эҳтимол дорад, ин тонк ба гуруҳи "Вагнер" тааллуқ дошта бошад, вале гуруҳи таҳқиқотии Conflict Intelligence Team мегӯяд, санҷиши иттилоъ имкон надорад, чун артиши Сурия низ аз ин тонкҳо дорад.

Дар натиҷаи зарбаҳои ҳавои этилофи таҳти назари ИМА дар Дайр-уз-Зури Сурия аз 100 то 500 низомӣ кушта шуд, ки ба ҷонибдорӣ аз режими Асад меҷангиданд. Аз гуруҳи "Вагнер" даҳҳо низомии рус ҷон бохтаанд. Вале 13 феврал танҳо наздикони чаҳор тани онҳо ин хабарро тасдиқ карданд.

Вазорати дифои Русия кушта шудани шаҳрвандони Русияро дар натиҷаи зарбаҳои ИМА рад мекунад.

XS
SM
MD
LG