Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони бузургтарин театри Тоҷикистон муваққатан қатъ шуд


Сохтмони Театри миллии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе “бо сабабҳои ҷиддӣ” қатъ шудааст. Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг, рӯзи 7-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, сохтмон муваққатан боздошта шудааст, вале иллатҳои онро шарҳ надод.

Вазир изҳори умед кард, ки сохтмони Театри миллӣ соли 2019 ё 2020 анҷом хоҳад ёфт.

Пойдевори ин театр моҳи марти соли 2015 гузошта шуда буд. Театри миллӣ дар шафати Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҳалли бозори собиқи "Баракат" бунёд мешавад.

Мақомоти Вазорати молияи кишвар он замон гуфтанд, ки ин иншоот бояд дар муддати 5 соли оянда ва бо маблағи 680 миллион сомонӣ бунёд шавад. Баландии ин бино 34,5 метр буда, бар асоси лоиҳа аз 3 толори калон ва толору утоқҳои дигар иборат аст.

Видеоҳои охирин

Толибони афғон оташбасро рад карданд
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:13 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG