Раиси ҷумҳури Беларус гуфтааст, ки кишвараш ба далели нарху шароити нобаробар дар ҳайати Иттиҳоди иқтисоди АвруОсиё (ЕАЭС), созмони зери раҳбарии Русия, 15 миллиард долларро аз даст дод. Хабаргузории РИА Новости рӯзи 3-юми феврал дар ин бора аз қавли Александр Лукашенко, президенти Беларус, хабар пахш кард.
"Онҳо ин рақамро эътироф мекунанд. Ҳоло ба мо панҷ миллиард доллар “кредит” доданд. Аз ҳисоби нобаробарии нарху шароит аз мо 15 миллиард доллар гирифтанд ва сеяки пули моро дубора ба мо қарз доданд. Он ҳам бо дарсади хеле болотар аз Сандуқи Байналмилалии Пул", - гуфтааст Лукашенко дар як нишасти хабарӣ дар Минск рӯзи 2-юми феврал.
Бо ин ҳол, раиси ҷумҳури Беларус изҳори умед кардааст, ки Маскаву Минск роҳи ҳалли масъалаҳои баҳсиро пайдо хоҳанд кард. “Дер ё зуд мо ба як созиш хоҳем расид”, - изофа кардааст Лукашенко.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё соли 2014 таъсис шуд ва нахуст се кишвар – Русия, Беларус ва Қазоқистонро дар бар мегирифт. Соли 2015 ба ҳайати он Арманистону Қирғизистон ҳам пайвастанд.
Маскав борҳо ба Тоҷикистон гӯшзад кардааст, ки ҳарчӣ зуд шомили ин иттиҳод бишавад. Аммо мақомоти тоҷик гуфтаанд, ки “ин масъаларо меомӯзанд”.