Пайвандҳои дастрасӣ

12 нафар дар Қирғизистон ҷинси худро иваз карданд


Соли гузашта дар Қирғизистон 12 нафаре, ки табдили ҷинс кардаанд, барои дарёфти санади нав ба Хадамоти давлатӣ муроҷиат кардаанд. Дар ин бора рӯзи 18-уми январ бахши қирғизии Радиои Озодӣ бо такя ба дафтари матбуоти ин хадамот хабар додааст.

Ҳар муроҷиаткунанда барои тағйири ҷинс дар шиноснома ва дигар санадҳои расмӣ санади тиббӣ пениҳод кардаанд. Дар сурати тағйири ҷинс, номи хонаводаигии шахс мувофқии ҷанси нав занона ё мардона мешавад. Хадамоти бақайдгирии давлатӣ гуфтааст, чунин таҳлил бори аввал сурат мегирад.

Эҳтимол бархе аз муроҷиаткардаҳо дар солҳои гузашта амалиёти тағйири карданд. Соли 2015 бемористони миллии шаҳри Бишкек хабар дод, ки дар Қирғизистон нахустин ҷарроҳии тағйири ҷинс анҷом шудааст. Он замон як марди 25-солаи шаҳрванди Узбакистон ҷинсашро ба зан иваз карда буд.

Видеоҳои охирин

Маросими имзои созишномаҳои Тоҷикистону Узбекистон
лутфан мунтазир бошед
### Эмбед ###

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:09:04 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG