Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" ҳафтае ду бор ба Деҳлӣ парвоз анҷом медиҳад


Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкати ҳавонавардии “Тоҷик Эйр” мегӯяд, парвозҳояш ба шаҳри Деҳлии Ҳиндро зиёд кардааст. Қимати парвоз барои рафту баргашт ба Ҳиндустон қариб 4 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст. Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯяд, сар аз 16 феврал аз Душанбе ба Деҳлӣ ду парвоз дар рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа сурат мегирад.

Ба қавли ҷаноби Хайруллоев, парвозҳо тавассути ҳавопаймои «Boeing 737-300» сурат гирифта, давомнокии парвоз дар як самт 2 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Дар ширкати “Тоҷик Эйр” мегӯянд, қимати чипта барои рафту баргашт ба Ҳинд 3 953 сомониро ташкил медиҳад.

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр”, ягона ширкати ҳавонавардии давлатӣ дар Тоҷикистон буда, ба шаҳрҳои Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургут ва Хуҷанду Хоруғ парвозҳо анҷом медиҳад.

XS
SM
MD
LG