Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи сафед: Трамп бо Назарбоев мулоқот мекунад


Доналд Трамп ва Нурсултон Назарбоев
Доналд Трамп ва Нурсултон Назарбоев

Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи 16 январ дар Кохи сафед бо Нурсултон Назарбоев, раиси ҷуҳмури Қазоқистон дидору гуфтугӯ мекунад.

Кохи сафед рӯзи 9 январ хабар дод, ки раҳбарони ду кишвар роҳҳои тақвият ва густариши шарикии стратегӣ дар робита ба амнияти минтақавӣ ва ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ мекунанд.

Сафири Қазоқистон дар СММ Кайрат Умаров рӯзи раҳбарии Шӯрои амниятро рӯзи 1 январ бр дӯш гирифт ва танҳти раёсати ӯ то кунун чанд масъалаи муҳим, аз ҷумла эътирозҳои Эрон баррасӣ шудаанд. Кохи сафед гуфт, ки дар суҳбати Трамп бо Назарбоев як қатор масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон ҳам баррасӣ мешавад.

Назарбоев рӯзи 9 январ дар шаҳри Остона бо сафири ИМА дар Қазоқистон Ҷорҷ Крол мулоқот кард. Биноба дастгоҳи президенти Қазоқистон, Назарбоев дар суҳбат бо сафири Амрико изҳори умедворӣ кард, ки ҳамкориҳои Остонаву Вашингтон дар бахши мубориза бо терроризм, тиҷорат, сармоягузорӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии силоҳи ҳастаӣ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.

"Дар Қазоқистон бо иштироки ИМА ҳудуди 500 ширкат фаъолият доранд, ки беш аз 140 корхона муштараканд. Ин ширкатҳо бо истеҳсоли маҳсулот ва содирот ба кишварҳои дигар машғуланд", - афзудааст Назарбоев.

XS
SM
MD
LG