Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Порлумони Эрон эътирозҳоро дар паси дарҳои баста баррасӣ кард


Тазоҳурот дар Теҳрон
Тазоҳурот дар Теҳрон

Порлумони Эрон рӯзи 7 январ эътирозҳои зиддиҳукуматиро дар паси дарҳои баста баррасӣ кард. Дар ин ҷаласа, ки бо даъвати ҷиноҳи ислоҳталаб баргузор гашт, сабабҳои бетартибиҳои оммавӣ муҳокима шуданд.

Хабаргузории ISNA иттилоъ дод, ки дар ҷаласа вазири умури дохилӣ, раиси Шӯрои амният ва раҳбари Идораи иктишофии Эрон ҳам иштирок карданд.

Ҷиноҳи ислоҳотталаб ҳамчунин ҳамчунин дархост кард, ки дастрасии эътирозгарони боздоштшуда ба ба кумаки ҳуқуқӣ таъмин шавад. Мақомоти Эрон рӯзи панҷум аст, ки ба тазоҳуроти ҷонибдорӣ аз ҳукумат дар шаҳрҳои ин кишвар идома медиҳанд ва бозтоби он дар расонаҳои расмӣ ба шакли муфассал ҷараён мегирад.

Ахиран Сипоҳи Посдорони Инқилоб низ гуфт, ки эътирозҳо зидди ҳукуматӣ дар Эрон ба поён расиданд. Аммо ба гуфтаи як манбаи муътамади Радиои Озодӣ дасти кам эътирозҳо дар 9 шаҳри Эрон, бо шумули Теҳрон идома ёфтанд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси гирдиҳамоиҳое ҳам гузошта шуд, ки бо вуҷуди теъдоди зиёди кормандони пулис баргузор баргузор шуданд.

Ба гуфтаи манобеи муътамади Радиои Фардо, дар шаҳрҳои Токистон, Масҷиди Сулаймон, Машҳад, Қазвин, Рашт, Лаҳинҷон, Султонобод, Ҳумайнӣ, зодгоҳи Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Ҳумайнӣ -- бунёдгузори Ҷумҳурии исломии Эрон шабона эътирозҳои зиддиҳукуматӣ баргузор шудаанд. Дар натиҷаи эътирозҳои зиддиҳукуматии Эрон 22 одам кушта ва беш аз 1700 тан боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG