Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Картошкаи "Нилуфар" ва "Тоҷикистон" ихтирои донишмандони тоҷик


Донишмандони тоҷик мегӯянд, ду навъи картошкаи муфид барои сиҳатии инсонро офаридаанд, ки аз ҷумла дар пешгирӣ аз бемории ҷоғар кӯмак мекунанд.

Профессорон Акобир Мирзораҳимов, Ҳомидҷон Абдуллоев ва Қурбоналӣ Партоев, доктори улуми кишоварзӣ дар як мақолае дар бораи натиҷаи кори муассисаҳои таҳқиқотии биологӣ дар соли 2017 навиштаанд, як картошкаи офаридаашон, ки «Тоҷикистон» ном ниҳодаанд, нисбат ба дигар навъҳои дигар ба бемориву камобӣ тобовар аст. Дар таркибаш оҳан бештар дорад, ки барои пешгирӣ аз камхунӣ мусоидат мекунад.

Картошкаи дигареро, ки аз роҳи дурагакунӣ ва ё селексионӣ ба даст овардаанд, “Нилуфар” ном гузоштаанд. Ба гуфтаи донишмандон, ин навъи картошка дар таркибаш йоди бештар дорад ва барои пешгирии касалии ҷоғар кумак расонад. «Нилуфар»-ро комиссияи махсуси вазорати кишоварзӣ санҷидааст.

Ба гуфтаи донишмандон соли 2017 картошкаи «Тоҷикистон»-ро деҳқонони ноҳияҳои Лахш ва Кӯҳистони Мастчоҳ дар 2,5 ҳазор гектар кишт карда ва ҳосили зиёд гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG