Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 январ замин дар фосилаи наздиктарин бо офтоб қарор мегирад


Рӯзи 3 январи соли 2018 замин дар фосилаи наздиктарин аз офтоб қарор мегирад ва қурси офтоб ба шакли доираи бузургтар аз маъмулӣ зоҳир мешавад. Дар ин бора "Планетарии Маскав" рӯзи 2 январ хабар дод.

Ин ниҳод мегӯяд, бошандагони сайёра ҳамчунин метавонанд шоҳиди чанд таҳввулоти дигари кайҳонӣ шаванд. Барои намуна шаби 4 январ мавҷи шаҳоби сангӣ ба авҷ мерасад ва одамон метавонанд "афтидани ситораҳо" - 120 метр дар соатро мушоҳида кунанд.

Пештар сокинони замин метавонистанд моҳи комилро дар шаби 2 январ мушоҳида кунанд. Ин дар ҳоле сурат мегирифт, ки моҳвораии табии сайёра ба мадори замин наздик бисёр наздик мешуд ва имкони наворбардорӣ аз қурси бузурги моҳ ба миён меомад.

Дар чунин мавридҳо моҳи пурра 14 дар сад бештар аз пештар ва 30 дар сад рушантар зоҳир мешавад.

XS
SM
MD
LG