Пайвандҳои дастрасӣ

FBI: нуктаҳои асосии "парванда"-и Трамп тасдиқ нашуданд


Муовини мудири Бюрои федеролии пажуҳишии ИМА ё FBI Эндрю Маккейб эътироф кард, ки дар ҳоли ҳозир ниҳоди онҳо наметавонад, иттилои асосиро дар бораи президент Доналд Трамп тасдиқ кунад. Гап дар бораи иттилое меравад, ки корманди мақомоти махсуси Бритониё Кристофер Стил аз як манбаъ дар Москва харида буд.

Дар ин бора рӯзи 25 декабр нашрияи The Washington Times хабар додааст. Маккейб дар ин бора дар ҷаласаи пушидаи Кумитаи иктишофии порлумони ИМА хабар додааст.

Расонаҳо менависанд, вакилон аз Маккейб пурсиданд, ки дар ҳоли ҳозир кадоме аз он иттилои дарёфтии Стил дар мавриди гуфтугузори эҳтимолии ситоди Трамп бо Русия тасдиқ шудааст. Маккейб гуфт, танҳо далели сафари ёвари Трамп Картер Пейҷро дар моҳи июли соли 2016 ба Москва мешавад тасдиқ кард. Пейҷ пинҳон накарда буд, ки ба Москва меравад ва аз сафари вай бисёриҳо огоҳ буданд.

Бюрои пажуҳишӣ дар авҷи маъракаи интихоботӣ дар ИМА бо парванда шинос шуд. Ҷамъоварии иттилоъро ба Стил Кумитаи миллии Ҳизби демократӣ супориш додааст. Дар ин ҳуҷҷатҳо рафтори ғайри қобили қабули Трамп дар сафари соли 2013 ба Русия зикр шудаанд. Сарфи назар аз он ки иттилои мазкур тасдиқ нашуд, раёсати иктишофии Бюрои пажуҳишӣ парвандаро ба баррасӣ гирифт.

Расонаҳои амрикоӣ менависанд, Маккейб, эҳтимол дорад, дар ибтидои соли оянда аз мақом барканор шавад. Ҷумҳурихоҳон дар Кумитаи иктишофӣ бар инанд, ки вай бояд аз пажуҳишҳои марбут ба номаҳои электронии ҷанҷолбарангези Ҳилларӣ Клинтон ва "парвандаи марбут ба Трамп" канор равад.

Видеоҳои охирин

"Одобномаи намозгузорӣ дар масҷид" омода шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

No media source currently available

0:00 0:03:30 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG