Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Киев ва ҷудоиталабон ба табодули зиндониҳо тавофуқ карданд


Мақомоти Украина ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия ба тавофуқи табдили зиндониҳо даст ёфтанд, ки қарор аст рӯзи 27 декабр баргузор шавад ва ин калонтарин амалиёте ба ин манзур хоҳад буд.

Ин изҳорот рӯзи 25 декабр аз забони ҷудоиталабон ва ҳам як намояндаи давлати Украина, ки тавассути телевизион ва баъди мулоқот дар Маскав сӯҳбат мекард, ҳосил шуд. Музокирот бо миёнҷигии раҳбари калисои Ортодокси Русия Падар Кирилл дар роҳибхонаи Свято-Данилови Маскав баргузор шуд.

Дар идомаи рӯз Ирина Ҳерашенко, муовини аввали раиси парлумони Украина дар саҳифаи Фейсбукии худ навишт, ки “рӯзи 27 декабр аз ҷониби ҷудоиталабон 74 украинӣ озод мешавад. Мо онҳоро бо 306 нафар табдил хоҳем кард”, навиштааст ӯ.

Раҳбари ҷудоиталабон Александр Захарченко гуфт, ки ду ҷониб бар асоси муодилаи табдили 306 нафар бо 74 тан тавофуқ ҳосил карданд. Маълум нест, ки то куҷо дар миёни онҳо зиндониҳои ҷангӣ ҳам ҳастанд ё на.

Падари рӯҳонӣ Кирилл изҳори умедворӣ кардааст, ки табодули зиндониҳо оғози ҷараёни азиме хоҳад шуд. Низои миёни нирӯҳои Киев ва ҷудоиталабони рӯ ба Русия апрели соли 2014 шурӯъ шуда то имрӯз ҷони 10,300 нафарро гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Боздошт баъди мулоқот бо нахуствазир. Пашиниён дастгир шуд
лутфан мунтазир бошед

No media source currently available

0:00 0:01:15 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG