Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков сафари расмии худро ба Қазоқистон шурӯъ кард ва ин сафар дар шароите мегузарад, ки равобити ду кишвар чандон хуб нест. Ҷеенбеков, ки баъд аз зӯҳри 25 декабр вориди Остона шуд, қарор аст бо президент Нурсултон Назарбоев ва нахуствазир Бакитҷон Сағинтоев дидору гуфтугӯ кунад.
Робитаҳои ду кишвар баъди он бад шуд, ки президенти собиқ Алмобсбек Отамбоев Қазоқистонро дар мудохила ба умури интихоботии Қирғизистон айбдор кард ва Назарбоевро як президенти солхӯрда номид. Рӯзи 7 октябр Отамбоев мақомоти Қазоқистонро дар дахолат ба умури Қирғизистон айбдор кард ва гуфт, ки ин кишвар мехоҳад пирӯзии номзади мавриди назари худ – Омурбек Бабановро таъмин кунад.
Интихобот бо пирӯзии Ҷеенбеков, як узви ҳизби Отамбоев анҷомид. Моҳи сентябр дафтари матбуоти президенти Қазоқистон акси мулоқоти Назарбоеву Бабанов дар Остонаро нашр кард. Баъди ин Қазоқистон рӯзи 10 октябр назорати марзи Қазоқистону Қирғизистонро ташдид кард ва давоми ҳафтаҳои дароз мошинҳои борбари Қирғизистон пушти марзи Қазоқистон дармонданд.
Дар ҷавоб Бишкек кӯмаки 100-миллиондолларии Остонаро рад кард. Баъди аз қудрат рафтани Отамбоев умедворие ба беҳбуди равобити ду кишвар ба вуҷуд омадааст. Дар мулоқоти рӯзи 30 ноябр дар Маскав Ҷеенбекову Назарбоев ба мувофиқа расиданд, ки бояд ҳамкорӣ кунанд.