Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркия тақрибан 3000 нафарро аз мақомашон сабукдӯш кард


Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия

Ҳукумати Туркия дар идомаи маъракаи “поккорӣ”, ки ба дунболи кӯшиши табаддулоти соли гузашта ба роҳ андохтааст, беш аз 2750 маъмури давлатии дигарро бо гумони иртибот бо гурӯҳҳои даҳшатафкан аз мақомҳояшон сабукдӯш кард.

Фармони барканории ин афрод рӯзи 24-уми декабр ба нашр расид. Аз ин миён тақрибан 650 нафари онҳо низомӣ ҳастанд.

Ҳукумати Туркия мегӯяд, ки табаддлуоти нофарҷоми соли 2016 аз тарафи Фатҳуллоҳ Гулен, руҳонии турки муқими Амрико, тарҳрезӣ шудааст. Худи Гулен борҳо даст доштанаш дар ин кудеторо, ки дар пайи он 240 нафар кушта шуд, рад кардааст.

Гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар низ мегӯянд, ҳукумати Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо баҳонаи кудетои нофарҷом мухолифини сиёсиашро саркӯб мекунад.

Ба дунболи ин кудетои нофарҷом беш аз 110 ҳазор тан ба иттиҳоми иртибот бо Фатҳуллоҳ Гулен ва гурӯҳҳои шибҳинизомӣ аз вазифаашон сабукдӯш шудаанд.

XS
SM
MD
LG