Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шойгу: Нирӯҳои Русия дар Сурия таҷрубаи ҷангӣ гирифтанд


Сергей Шойгу ва Владимир Путин
Сергей Шойгу ва Владимир Путин

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, рӯзи 22-юми декабр дар бораи хуруҷи нирӯҳои кишвараш аз Сурия ба президент Владимир Путин гузориш дод.

Ӯ гуфт, ки ҳузури низомиёни рус дар даргириҳои Сурия барояшон таҷрубаи муҳим ва зарурӣ додааст. “Беш аз 48 ҳазор низомии Русия дар Сурия таҷрубаи ҷангии арзишманде гирифтанд”, - афзуд Шойгу.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, тақрибан ду ҳафта қабл бо як сафар ба Сурия рафт ва аз пойгоҳи низомии Ҳмеймим, макони истиқрори нерӯҳои Русия, боздид кард. Вай ба низомиёни Русия амр дод, ки хуруҷи нирӯҳо аз ин кишварро оғоз кунанд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 22-юми декабр оҷонси хабарии AMN дар Сурия иттилоъ дод, ки ҳавопаймоҳои ҷангии Русия ба ҳамлаҳо дар ҷануби минтақаи Идлиб идома медиҳанд.

Дар ҷанги шашсолаи Сурия, ки садҳо ҳазорро кушта бар ҷой гузошт, президент Башор Асад аз ҳимояти Русия бархӯрдор буд. Русия ҳамлаҳои ҳавоӣ болои Сурияро моҳи сентябри соли 2015 оғоз намуд ва Асадро аз шӯришгарон халос кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар ин назар аст, ки мубориза бо гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" дар Сурия пурра тамом нашудааст. Бретт Макгурк, фиристодаи хоси Амрико дар мубориза бо ДИИШ, рӯзи 21-уми декабр гуфт, ИМА ба изҳороти ҷониби Русия, ки террористҳо шикаст хӯрданд, эътимод надорад.

XS
SM
MD
LG